ДАТ
Олимон соҳиби 4 нахустпатент гардиданд
Соли 2023 олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти ихтироот ва навоварӣ дар корҳои илмӣ соҳиби чор нахустпатент гардиданд. Ин нуктаро ректори Донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода, зимни нишасти матбуотӣ, ба рӯзноманигорон иброз дошт.
– Дар назди Донишгоҳ 4 шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 3 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 шурои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз рӯи 2 ихтисос мебошанд. Дар ин шуроҳо 26 олим рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя кард, – гуфт ректор.
Донишгоҳ соли гузашта бо 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар бахшҳои гуногун созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ТИКА-и Туркия ва Ассотсиатсияи дӯстӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Миёна дар Донишгоҳи аграрӣ се гармхонаи замонавӣ ба истифода супурда шуд, ки яктои он бо усули гидропоника маҳсулот истеҳсол менамояд. Аз гармхонаҳо ҳосили зиёди помидор, қаламфур, боимҷон ва бодиринг ба даст меоранд.
Усмон Маҳмадёрзода гуфт, ки ҳоло Донишгоҳ бо 123 ташкилоту муассисаи олии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва 9 лоиҳаи грантӣ амалӣ шуда истодааст.
Кароматулло АТО
Аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 16320 сомонӣ ҷарима ситонда шуд
– Ҳолати эпизоотӣ ва солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад, бемориҳои буғумдард ва сил камтар ба назар мерасанд, – гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар 14 ҳолат барангезандаи бемории сӯхтанӣ, 3 бемории сиёҳрон, 34 ҳорӣ, 5 брадзоти гӯсфандон, 2 ҳодисаи пастерелёзи чорвои калон ва 1 нуқтаи пастерелёзи чорвои хурд ба қайд гирифта шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудсозӣ амалӣ гардиданд.
Барои риоя накардани талаботи зотпарварӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 парвандаи маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо 16320 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷети ҷумҳурӣ ворид карда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Ду ихтисоси соҳаи хӯрокворӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт
– Дар соли ҷорӣ аз тарафи олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 15 дархост барои гирифтани патент пешниҳод шуд, ки аз онҳо 10-тоаш ҳоло дар амал истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, 5 ҳалномаи мусбат барои гирифтани патент омодааст, ду лоиҳа: «Коркард ва технологияи илмиасоси рангуборкунии маснуоти нассоҷӣ бо рангҳои табиӣ» ва «Коркарди технологияи маҳсулоти хӯрокаи функсионалӣ бо истифодаи ашёи маҳаллии ғайрианъанавӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери тадқиқи олимон қарор дорад, – гуфт Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳ, дар нишасти матбуотӣ.
Илҳом Амонзода зикр кард, ки соли 2023 дар доираи лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон GIZ – «Маълумоти касбӣ барои соҳаҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» тасмим гирифтем, ки ихтисосҳои «Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва консентратҳои ғизоӣ» ва «Технологияи консервкунонӣ»-ро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронем. 26-уми январи соли 2024 аз ҷониби Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба реестри аврупоии ташкилотҳои аккредитатсионии байналмилалӣ шомил мебошад, ихтисосҳои мазкур ба муддати 5 сол соҳиби сертификат гаштанд.
Лола РИЗОӢ