Шафоатулло Абдулло. Бо ин ном аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз моҳи августи соли 2002 ошно ҳастанд. Инак, 22 сол аст, ки ӯ дар ҷодаи журналистика фаъолияти густурда дорад.
Мавсуф соли 1987 мактаби миёнаи № 24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва сипас, бахши адабиёти классикии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, то ба имрӯз, сарфи назар аз он ки дар кадом идора ба чӣ симмате фаъолият бурдааст, мавқеи ватандӯстонаи хешро ҳифз намудаву содиқ мондааст. Солҳои 1988-1991 дар Қароргоҳи ҳарбӣ-баҳрии Артиши Шуравӣ (қӯшуни пиёданизом, шаҳрҳои Мурманск ва Североморски Россия) адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Давраи таҳсил дар Донишгоҳ ва баъдан, ҳамчун китобдор-хазинадор дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 33-и шаҳри Душанбе (1991-1992), корманди коргоҳи фаръии «Самар» (1992-1995), соҳибкор (1996-2002) заҳмат кашидаву камол ёфтааст.
Соли 2002 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» корро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз кард. Дар як муддати кӯтоҳ, чун аз донишу ҷаҳонбинии фарогири худ дарак дод, ба кори эҷодӣ гузашт. Аниқтараш хабарнигори шуъбаи давлат ва сиёсат таъин шуд. Бо вуҷуди ҷавонӣ, ба ҳамсолони дигар, бахусус дар таҳрири навиштаҳояшон, кумак мекард. Дониши хуби донистани қоидаҳои имлои забон ва ҷиҳатҳои техникии чопро ба назар гирифта, маъмурияти рӯзнома ӯро муовини котиби масъули «Ҷумҳурият» таъин намуд. Аз соли 2015-ум то имрӯз ҳамчун мудири шуъба содиқона заҳмат мекашад. Дар муддати беш аз 20 соли корӣ шогирдонеро ба камол расондааст, ки имрӯз ҳар кадоме дар боло рафтани мақому манзалати ин рӯзномаи таърихсозанд.
Қаламкаш аст, эҷод мекунад. Аслан, нигоштаҳои Шафоатулло Абдулло аз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. Аз соли 2010 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Миёни ҳамкорон маъруфияти хос дорад. Яке ӯро ҳамчун донандаи хуби забон ва адабиёти тоҷик, дигаре шоҳмотбози моҳир ва дигарон ба ҳайси синамошиноси маъруф эҳтиром кардаву аз ҳамкорӣ бо ӯ ифтихор мекунанд. Агар бо як ҷумла гуфтан мумкин бошад, Шафоатулло Абдулло беҳтарин намунаи корманд дар идораи рӯзномаи рақами 1-и кишвар аст. Фақат бо ҳамин далел, ки бо заҳмати хастагинопазираш то имрӯз ҳам худ меомӯзад ва ҳам ба дигарон меомӯзонад.
Хидмати шоёнаш бо нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2011), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016) қадр шудааст, ки ин гувоҳ аз шоистагӣ ва талоши ӯ дар ҷодаи ватандориву рӯзноманигорист.
Умар АЛӢ