Музаффариятҳои меҳнатӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дӯстӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ боис ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ гардида, дар ин радиф саҳми накуест дар таъмину таҳкими зиндагии осудаҳолонаи мардуми кишвар.
– Дар соли 2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро ба иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ Сарвари давлат баён доштаанд, равона намуда, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии назаррас ноил шуданд, – зикр кард Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ.
Дар давоми сол рушди соҳаҳои иқтисодиёт таъмин гардида, нақшаи даромадҳои буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 дарсад сомон ёфт. Яъне, ба ҷойи 41,4 миллион сомонӣ ба хазина 42,2 миллион сомонӣ ворид гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ ва ҷалби маблағҳои қарзӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба 3 ҳазору 878 соҳибкор 59,1 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли пеш 12,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар амал буда, маблағи азхудшуда 3,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо фароҳам шудани шароити муносиби соҳибкорӣ шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар афзудан аст, – гуфт раиси ноҳия. – Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳимояи сармояи ватанию хориҷӣ, амалӣ намудани дархосту пешниҳодҳои соҳибкорон мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Чунончи, дар давраи ҳисоботӣ се маротиба вохӯрӣ бо соҳибкорон доир гардида, барои ҳаллу фасли хоҳишу дархостҳои онҳо ба масъулини дахлдори ноҳиявӣ супоришҳои мушаххас дода шуда, дар Рӯзи соҳибкорон як зумра фаъолон бо ифтихорномаю туҳфаҳо қадр гаштанд.
Вобаста ба амалигардонии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021 - 2025 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 289,8 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 62,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
– Бо илҳом аз нуктаҳои ба рушд додани соҳаи саноат марбутбудаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат тасмим гирифтем, ки дар тули панҷ сол 28 коргоҳу корхонаи нави саноатиро бо таъсиси 137 ҷойи нави кор бунёд ва ба истифода диҳем, – баён дошт Даврон Нишонзода. – Аз ин теъдод то кунун 10 коргоҳу корхона, аз ҷумла корхонаҳои истихроҷи сангу шағал, истеҳсоли равғани рустанӣ, қуттиҳои пластикӣ, маводи қаннодӣ, орд, собун, хишти сабук, шолитозакунӣ, пахтатозакунӣ ва дигар ба истифода дода шуданд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки соли мозӣ дар ноҳия боз 182 ҷойи нави кор фароҳам омад.
Бо истифода аз имкониятҳо барои ҳалли масъалаҳои бунёду навсозии роҳҳо тадбирҳои зарурӣ мунтазам амалӣ шуда, аз ҳисоби соҳибкорон 7 пул бо дарозии 41 метр ба маблағи 84 ҳазору 800 сомонӣ таъмир, роҳҳои маҳаллии байни деҳаҳо ба масофаи 12,6 километр ба маблағи 176 ҳазору 800 сомонӣ сангфарш карда шуданд. Ҳамчунин, дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёт ва буҷети маҳаллӣ бо харҷи 284 ҳазору 638 сомонӣ корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба иҷро расиданд.
Аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,7 километр роҳҳои кӯчаҳои марказии ноҳия бо сифати баланд ба маблағи 3 миллион сомонӣ аз таъмир баромаданд.
Дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия соҳаи кишоварзӣ мавқеи калидӣ дошта, бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар майдони 19 ҳазору 592 гектар кишти зироатҳо гузаронда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 1 миллиарду 258,5 миллион сомониро ташкил дод, ки аз дурнамо зиёд аст.
Нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ низ назаррас буда, дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ нақшаи истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 100 то 104-дарсадӣ таъмин гашт.
Ба хотири дастгирии омӯзгорони ҷавон ва бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин кардани мактабҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 197, аз 3 майи соли 2006 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” 30 муаллими навкор бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуд ва ин ташаббус минбаъд низ идома меёбад.
Бо мақсади истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 26 феврали соли 2022, таҳти рақами 222 ба тасвиб расида, дар ин росто эъмори 181 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст ва то 30-юми декабри соли 2022-юм 72 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, амсоли ошхонаи миллӣ, меҳмонхона, бозори калон дар деҳоти Нури Вахш, аллакай оғоз шудаасту дар ноҳия бунёдкориҳо вусъат мегиранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”