Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Забони миллат – ҳастии миллат” , “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол” ва амсоли инҳо басе арзишманду камназиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан, пайваста таъкид месозанд, ки забон нишонаи асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, забонро дар ҳимояи давлат қарор дода, мудом соҳибзабононро барои гиромидошту эҳтироми ин ганҷи бебаҳо даъват менамоянд.
Эҳтироми хосаи Пешвои миллат нисбат ба забони тоҷикӣ дар таълифи асари дуҷилдаи “Забони миллат – ҳастии миллат” (2016, 2020), ки ба дасти соҳибзабонон расидааст, ҳувайдо мегардад. Асари зикргардида пажӯҳишу таҳқиқоти фундаменталӣ дар соҳаи забоншиносии тоҷик буда, китоби мондагор аст.
“Забони миллат – ҳастии миллат” ба масъалаҳои таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат мебошад. Боби меҳварии он “Саргузашти таърихии вожаи тоҷик ва забони тоҷикӣ” ба ҳисоб меравад.
Мутолаа намудани ин китоб на танҳо барои тамоми қишрҳои ҷомеа зарур мебошад, балки баҳри баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии наврасону ҷавонон кумак хоҳад кард. Аз ин рӯ, ба донишҷӯён дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз рӯи барномаи фанни забони тоҷикӣ асари "Забони миллат – ҳастии миллат" таълим дода мешавад. Аз хондани ин асари гаронбаҳои Сарвари муаззами давлат донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиши калимаи “тоҷик” ва ибораи “забони тоҷикӣ” маълумоти мукаммал мегиранд.
Шарифзода Муноҷот Ихтиёрхӯҷа,
мудири кафедраи забонҳои
МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан”