Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди илму маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин замина, тайи солҳои ахир таълиму тарбия ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон беш аз пеш беҳтар мегардад. Тавре шоҳидем, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, муддатест, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гашта, дар кашфи наврасону ҷавонони баистеъдоду бомаҳорат ва соҳибдониш саҳми босазое мегузоранд.
Дар ин ҷода Умедҷон Амонӣ аз зумраи чунин ҷавонон аст. Ӯ хатмкардаи Муассисаи таълимии "Дониш"-и шаҳри Хуҷанд буда, ҳангоми таҳсил ба фанҳои ҳуқуқ, география ва адабиёт шавқу рағбати беандоза дошт. Пас аз хатми мактаб, ба шуъбаи журналистикаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 2022 бо дипломи аъло ба итмом мерасонад.
Солҳои донишҷӯӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2019” ғолиб омада, сазовори стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар баробари ин, ӯ соли 2021 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (номинатсияи адабиёти муосири тоҷик) пирӯз меояд ва бо диплому мукофотпулӣ (20 000 сомонӣ) сарфароз гардид.
– Барои ман дар чунин Озмуни бонуфуз соҳиби ҷои аввал шудан, боиси ифтихор аст. Аз Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдорам, ки барои мо – ҷавонон, чунин шароити камназири донишандӯзиро фароҳам оварданд. Бояд бигӯям, ки меҳри китобро дар қалбам волидонам бедор кардаанд, ки худ зиёиянд. Баъди бо олами рангини китоб ошно шудан, бароям пайроҳаи бофурӯғи ҷадиде боз гардид, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Бояд гуфт, ки Умедҷон тайи ин солҳо, ҳамчунин, дар озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла "Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2023" (Остона, Қазоқистон), "Лидери СНГ-2023" (Тошканд), ширкат варзида, пирӯз омад.
Айни замон дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамояд. Шеъру мақолаҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ пайваста чоп мегарданд. Муаллифи китоби “Ғунчаи умед” ва 114 мақолаи илмиву соҳавӣ мебошад.
– Хеле хушҳолам ва шукр менамоям, ки дар фазои озоду ободи Тоҷикистони азизамон умр ба сар мебарам. Тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона сохтаам, ки Академияро бомуваффақият хатм карда, мутахассиси хуби соҳаи ҳуқуқ гардам ва ба миллату Ватани маҳбуби хеш содиқона хидмат намоям, – бо ифтихор мегӯяд қаҳрамони мо.
Умедҷон Амонӣ бо мамнуният иброз дошт, ки ин ҳама муваффақияту комёбиҳои ҷавонон ба шарофати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд ва онҳо дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат ҷидду ҷаҳди худро баҳри пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз дареғ нахоҳанд дошт.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”