Соли 2019 Ричард Фолтс, пажӯҳишгар ва шарқшиноси номвари амрикоии канадитабор, китоби худро таҳти унвони «Таърихи тоҷикон: эрониҳои шарқӣ» («А History of the Tajiks: Iranians of the East») дар муассисаи мутолеоти осиёӣ ва африқоии Донишгоҳи Лондон рӯнамоӣ кард. Профессор Фолтс, ки то имрӯз китобҳои бисёре дар бораи Ориёни бостон ва Маздаясно навиштааст, китоби тозаашро ба яке аз қадимтарин миллатҳои олам – тоҷикон бахшид.
Суҳбати радиоӣ ва мусоҳибаҳои ин олими варзида, ҳамзамон, тақризу мақолаҳои пажӯҳишгари тоҷик Камолиддин Абдуллоев (ба забони русӣ) ва дигар иттилооти хурд ба як чиз ишора доранд: дар ҷаҳони Ғарб чунин китоб дар бораи тоҷикон ва ба забони англисӣ бори нахуст интишор ёфт, ки сазовор ба истиқболи гарм мебошад. Фолтс дар асар таърих, фарҳанг, забон ва нақши калидӣ доштани тоҷикон (ё ориёиҳои шарқӣ) дар сарзамини кишварҳои феълии Осиёи Марказӣ, шимолу ғарби Покистон ва Эрону Ироқ, Афғонистон ва вилояти Шинҷони Чинро қабл аз ҳуҷуми арабҳо баррасӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, шавқи пажӯҳиш, маърифати илмӣ ва оташи меҳри тоҷиконро дар дили ӯ яке аз бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон Ричард Фрай, ки аз ихлосмандону дилбохтагони садоқатманди фарҳанги тоҷик буд, биафрӯхт.
Фолтс дар мавриди равобити дӯстонаи худ бо Фрай чунин мегӯяд: «Айёми донишҷӯӣ бо профессор Ричард Фрай, ки як тоҷикшиноси бисёр бузург буд, ошноӣ пайдо кардам ва аз донишу малакаи ӯ баҳравар гардидам. Фрай муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ дошт ва пажӯҳиш бурд. Ман ҳам пас аз хатми донишгоҳ барои ба поён расондани рисолаи докторӣ хостам ба Тоҷикистон оям. Сафарам ба соли 1992 рост омад, Душанбе ба коми ҷанг фурӯ рафта буд. Ба ин хотир, ба Самарқанди Ӯзбекистон рафта, бо тоҷикони зиёде шинос шудам; он ҷо муддате иқомат кардам ва пажӯҳишамро ба поён расондам. Ниҳоят, соли 2012 ба Тоҷикистон омадам ва равобитам то имрӯз идома дорад. Тули сӣ сол, ки ба пажӯҳиш саргармам, роҷеъ ба таърихи мардуми эронӣ даҳҳо мақолаву рисола ба табъ расондам. Вақте мардуми эронӣ ё сарзамини Эрон мегӯям, ба ҳеҷ ваҷҳ Эрони имрӯзаро дар назар надорам. Барои ман сарзамини Эрон аз Балкан то Чин идома мекунад, ки тоҷикон низ ҷузъи он ҳастанд».
Фолтс вақте дунболи тоҷикшиносӣ гашт, дарк кард, ки илми тоҷикшиносӣ кони кашфношудаест, ки лаълу гавҳарҳои бешуморе нуҳуфта дорад. Аз ин хотир, баҳри иктишоф камари ҳиммат баст.
Профессор Фолтс дар суҳбати радиоӣ бо хабаргузории ВВС мегӯяд: «Фикр мекунам, бо китоби «Таърихи тоҷикон» халое (холигоҳи иттилооти илмӣ – Б. Б.), ки дар бораи тоҷикон ҳаст, пур нашудааст, аммо қадами аввал гузошта шуд». Ҳамчунин, зикр мекунад, ки ба ҳар ҳол қолаби афкору тасаввуроте, ки пеш аз ин дар бораи тоҷикон, ба сифати як халқияте вобастаи шуравӣ дар Аврупову Амрико ҳукмфармо буд, шикаст.
Фолтс ба падидаҳои шаҳрсозӣ, фарҳанг, забон ва шахсиятҳои таърихиву адабии тоҷикон, ки пас аз ҷудо шудани марзҳои маъмурӣ баъзе аз афроди алоҳида ва олимони сустаносир моли ин ё он қавми дигар медонанд, посухи дандошикане медиҳад, ки чунин аст: «Дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз ин гуна даъвоҳо ҳаст, ки чӣ ё кӣ моли кист? Дар дунёи илм ин масъалаҳо ҳал шудааст ва касе шак намекунад, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ аз тоҷикҳост».
Дар робита ба омилҳои муаррифии тоҷикон дар ҷаҳон чанд ҷумлаи омӯзанда мегӯяд, ки мушоҳидаҳои тулонӣ ва мардумшиносии ӯро нишон медиҳанд: «Муаррифи шумо аввал шеър аст. Ба назари ман, нуктаи аввали фарҳанги эронӣ шеър аст. Ман аз рӯзе, ки ба Тоҷикистон ворид шудам, то ҳол, ҳатто як касро надидам, ки ҳангоми гуфтугӯ шеър наоварад. Яъне, шеър бунёди ҳувияти фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст. Баъдан, Наврӯз. Ман дар донишгоҳамон як курси бузурге дорам бо номи муаррифии фарҳанги эронӣ. Дар он ба донишҷӯён вақти тадрис мегӯям, ки агар мехоҳед тамаддуни эрониро бифаҳмед, ду чизро бояд донед: якум, Наврӯз, дувум, «Шоҳнома». Наврӯз ҷашни ҷаҳонии тамоми порсизабонон аст ва, аслан, ба ҳеч забону дин рабт надорад. «Шоҳнома» адабиёти миллии ҳамаи шумост. Ин намунаи фарҳанги бузурги шумост, ки дар ҳамаи ҷаҳон онро медонанду мешиносанд. Дар таърихи ҳунари дунё бузургтарин саҳнае, ки наққошӣ шудааст, саҳнае аз «Шоҳнома» аст».
Китоби мавриди назари мо – “Таърихи тоҷикон: эрониёни шарқӣ”, ҳанӯз соли 2020 ба забон ва хатти арабиасоси порсӣ баргардон шуда, дар Кобул рӯи чопро дид. Тарҷумони китоб Абдулхолиқи Лаълзод аст. Дар чопи он муаллиф сарсухани наве афзуда, аз ҷумла менависад: “Пас аз хондани китоби устод Ричард Фрай "Мероси Осиёи Миёна" (1996), ба ин натиҷа расидам, ки ҷойи як китоби вижа дар бораи таърихи тоҷикон, дастикам ба забони англисӣ, холӣ аст. Аз ин рӯ, китоби ҳозир то андозае идомаи корест, ки устод Фрай оғоз карда буд. Баъдтар, ин китобро ба ёди ӯ эҳдо кардам”.
Ин пажӯҳишгари барҷаста дар Донишгоҳи давлатии Москва низ бо ховаршиносон вохӯрӣ дошт ва талошҳояш дар як меҳвар мечарханд: ривоҷи ҳисси ягонагӣ байни порсизабонон ва фарҳанги дерсоли онҳо.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»