Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ҷиҳати пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироат, ҷалби сармоя барои сохтмони гармхонаҳо, корхонаҳои хурду калони коркарди маҳсулот ва банду баст, содироту воридоти молу маҳсулот, технология ва табодули таҷриба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо USAID
Зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо директори миссияи Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки USAID таҷриба ва имконияти технологии ИМА-ро метавонад барои татбиқи ҳадафҳо ва афзалияти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор тавассути фаъолсозии ҳамкории мо дар соҳаи инноватсия ва технология ҷалб намояд. Дар ин бора Вазорати мазкур хабар додааст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса доир ба пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода
5-уми феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо сафири Фаронса Элза Пинёл баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ба меҳмон оид ба ҳолатҳои фавқулодаи хоси минтақа ва Тоҷикистон, корҳои анҷомёфта дар самти коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт, маълумот дода шуд. Ҳамзамон, оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои фавқулода ибрози назар шуд.
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи дуҷониба аз 30-юми январ то 5-уми феврал, дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
Дар ҳошияи Форуми рақамӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев бо вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон Исо Зарепур мулоқот дошт.
Тавре ба мо аз Хадамоти мазкур хабар доданд, ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ табодули афкор намуданд. Яке аз бахшҳои асосии мулоқот тақвияти робитаҳо дар доираи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни КВД «Почтаи тоҷик» ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
Тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея
Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея зимни мулоқоти сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок ва намояндагони Хадамоти гумруки Корея дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии байни тарафҳо, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукиро баррасӣ намуданд.