Шукронаи оромӣ ва сулҳу субот, ки сол ба сол кишвари мо ба макони зебову дилкаш табдил ёфта, дар тамоми деҳаҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ, шинондани ниҳолҳову гулҳои мавсимӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, бунёди корхонаҳои хурду бузург, иншооти хизматрасонӣ, меҳмонхона, мактабу қасрҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдончаҳои варзишӣ босуръат идома доранд.
Дар ин радиф, ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро аз замони қабул гардидани ҳадафҳои стратегӣ, бахусус бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон, Президенти мамлакат доимо таъкид менамоянд, ки бояд равуо байни тамоми манотиқи кишвар озодона ва бемамониат бошад.
Дар ин росто, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нақша-чорабинии ҷашнӣ тартиб додаанд, ки зиёда аз 100 банди онро ташкилу танзими роҳҳои нақлиётгарди аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявидоштаи 10 ҷамоати деҳот дар бар мегирад.
Тавре гуфта шуд, соли 2023 мебоист 20 км роҳҳо таъмири асосӣ, 64 км таъмири ҷорӣ ва 30 км роҳҳои нав бунёду шағалпӯш мегаштанд, хушбахтона, ба туфайли дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини шаҳри Истаравшан бо сарфи маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва буҷети маҳаллӣ, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҳашари оммавии сокинон 30,1 км роҳҳо таъмири асосӣ, 75 км таъмири ҷорӣ ва 32 км шағалпӯш шуда, таъмини дурнамо 120 фоизро ташкил дод.
Имрӯз таъмири роҳи нақлиётгарди Истаравшан – Поҷиндак бо азми дучанд идома дорад.
– Сокинону соҳибкорони ватандӯсти деҳоти Ҷавкандак, низ роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди 6 деҳаро ба масофаи қариб 10 км мумфарш карда, таъмиру шағалпӯшкунии роҳҳоро идома дода истодаанд. Дар ин радиф, кофтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чоҳҳои амудӣ, васлу насби зеристгоҳҳои пурқудрати барқӣ ва кашидани хатти барқ дар деҳаҳои навтаъсис авҷи тоза гирифтааст, – гуфт Шавкат Эшонқулов, раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавкандак.
Мавсуф афзуд, ки ҷавонони деҳаи Поҷиндаки деҳоти Ҷавкандак дар пайравӣ ба иқдоми аъзои оилаи соҳибкори деҳа Нурулло Шарифов бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли зимистон ба ҳашари оммавӣ баромада, дар таҷдиди зиёда аз 1 км роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи Поҷиндак – Ҷавкандак фаъолияти ибратбахш доранд. Дар баробари ин, дар хобондани лӯлаҳои обгузар ва тахту ҳамвор намудани канори роҳи нақлиёту пиёдагард саҳми худро мегузоранд.
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касе ки роҳеро обод кард, Парвардигор ба ӯ барои пешрафту кори ояндааш роҳи васеъ мекушояд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор