Энергия воситаи асосии самаранокии ҳаматарафаи ҳаётгузаронии инсон, сатҳи қонеъгардонии талаботи моддӣ, маънавӣ ва иҷтимоист, ки инкишофи фикрӣ, маданӣ ва ҷисмонии инсон, инчунин, дараҷаи бехатарии ҳаёти инсон мебошад. Мо дар бораи истеҳсолу истифодаи энергия ва захираҳои энергетикӣ, ки аз табиат сарчашма мегиранд ва дар шакли ашёи хоми табиӣ вуҷуд доранд, набояд танҳо бигӯему бинависем, балки фаромӯш насозем, ки ҳаёти инсоният дар рушду идома аст ва ба ин раванд ҳадафмандона мусоидат намоем.
Аҳолии ҷаҳон пайваста зиёд мешавад, дар баробари ин, талаботи инсон беш аз пеш меафзояд. Ин раванд нисбат ба энергия ва захираҳои энергетикӣ талаботи бештарро ба миён меорад.
Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир энергия ва захираҳои энергетикӣ асоси тараққии соҳаҳои базавии саноат мебошанд, ки ба рушди бемайлони истеҳсолот мусоидат менамоянд.
Истифодаи ҳамаҷонибаи энергия ва захираҳои энергетикӣ, аз як тараф, шарти зарурӣ ва таҳкурсии тараққиёти иқтисодӣ мебошад, аз тарафи дигар, омили авҷ гирифтани таъсиррасонии манфӣ ба муҳити атроф аст ва эҳтимоли норасоии энергия ва захираҳои энергетикиро дар даҳсолаҳои минбаъда барои наслҳои оянда ба вуҷуд меорад.
Аз ин лиҳоз, бояд ба истифодаи энергия на танҳо ба истеҳсолу истеъмол ҳамчун омили иқтисодӣ муносибат бикунем, балки барои фароҳам овардани имконияти зиндагии башарият барои садсолаҳои оянда созгорӣ намоем. Ба қавли пайғамбари ғазали ноб Саъдии Шерозӣ:
Чу аз баҳри мо кишта
шуд чанд чиз,
Барои дигарҳо
бикорем низ.
Мавриди ёдоварист, ки дар аксари мамолики пешрафта, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, раванди истеҳсолу истеъмол ва дурнамои захираҳои энергетикӣ таҳти назорати мақомотҳои давлатию масъул қарор гирифта, беш аз пеш назорату таҳия ва амалисозии чораҳои махсус идома доранд.
Бояд гуфт, ки кишвари мо аз лиҳози манбаъҳои энергия ва захираҳои энергетикӣ бой мебошад. Дар он тамоми намудҳои манбаъҳои энергия ва захираҳои энергетикӣ ба қадри кофӣ мавҷуданд ва онҳоро сарфакорона истифода бояд бурд.
Қобили зикр аст, ки шаҳрвандон ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ бояд аз лампаҳои каммасраф истифода баранд. Инчунин, ҳангоми хариди таҷҳизоти барқӣ бояд онеро интихоб кунанд, ки неруи барқро кам истифода намояд, дар ин сурат ҳам неруи барқро сарфа мекунанду ҳам ба буҷети оилаи худ фоида меоранд. Тибқи ин гуфтаҳо, месазад дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, шуроҳои маҳаллаҳо, мактабу муассисаҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар асоси нақша, оид ба ин масъала аз нав ҷоннок гарданд, аз ҷумла дар фасли зимистон. Илова бар ин, ҷаҳонбинии ҳар як шаҳрванд оид ба истифодаи оқилонаи энергия ва захираҳои энергетикӣ васеъ карда шавад, то зарурати ин масъаларо ҳамчун омили хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ дуруст дарк намуда тавонад.
Фарҳанги сарфакориро мебояд омӯхт, то захираҳои энергетикии кишвар ба наслҳои ояндаи мо ба қадри бояду шояд бирасад.
Мавриди зикр аст, ки барои башарият, хоса барои иқтисоду беҳбудии имрӯзиёну ояндагони миллат, имкони зиндагии шоистаро фароҳам овардан ва арзишҳои ҳаётан муҳимро барои ояндагон боқӣ гузоштан қарзи инсонии ҳар як фард аст. Набояд ба хароҷоти безарурат роҳ диҳем. Фарҳанги мо дар ин самт бояд чун дигар ташаббусҳои кишварамон ибрати дигар қавму миллатҳо бошад.
Шехмирзо РАҶАБӢ, омӯзгор