ҚАЛЛОБӢ
Аз сирқати 290 ҳазор сомонӣ то орзуи нофарҷом
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани ҳолати қаллобие хабар дод, ки ҳоло мавриди тафтишот қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳанӯз 20-уми ноябри соли 2023 ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо ваъдаи аз хориҷи кишвар овардани 2 адад воситаи нақлиёти сабукрави барқӣ дар зарфи як моҳ бо роҳи фиреб ба боварӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ даромада, аз ӯ 290 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале ин маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, марди 28-соларо фиреб додааст.
ҒОРАТГАРӢ
Марди муштзӯр ба курсии ҷавобгарӣ нишаст
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Зафаробод нисбат ба марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ба гумони ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, гумонбаршаванда 26-уми январ дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилиашро, ки 4 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ тафтишот идома дорад.
АВБОШӢ
Кордбадасте, ки завлонабадаст шуд
Як сокини шаҳри Кӯлоб (ҷавони 20-сола) аз ҷониби маъмурони милитсия ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Ҷавони боздоштшуда, чанд рӯз қабл дар назди бозорчаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро бо корд маҷруҳ кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида аз захмӣ корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Бино ба иттилои ВКД, ҳоло нисбат ба ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”