Аввалин касоне, ки ба ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон сафар карда, аз дили хоки поки он ёдгориҳои бостониро берун оварданд ва ба қадимӣ будани тамаддуни мо муҳри тасдиқ заданд, пажӯҳишгарону бостоншиносони русанд. Онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтанд, ки мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, офаринандаи фарҳанги бузурги давлатдорӣ, шаҳрнишинӣ ва китобу китобдорианд. Яке аз онҳо шарқшиноси номвари шуравӣ, бостоншинос, доктори илмҳои таърих Михаил Михайлович Дяконов аст. Ӯ дар кишвари мо, бавижа Панҷакент ва соҳилҳои дарёи Кофарниҳон, наздик ба 25 сол зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ дошт. Даҳҳо ёдгориҳои таърихии Тоҷикистонро пажӯҳиш карда, китоби «Маданияти қадими тоҷикон»-ро навишт.
КӮТОҲ ДАР БОРАИ ДЯКОНОВ
Олими шаҳири рус зода (соли 1907)-и шаҳри Санкт-Петербург буда, хатмкардаи донишгоҳҳои Осло (Норвегия) ва зодгоҳаш аст. Ӯ ба таърих ва бостоншиносӣ мароқи беандоза дошт, аз ин рӯ, соли 1931 корро дар Осорхонаи Эрмитаж оғоз мебахшад ва бо фаъолияти пурсамар то ба вазифаи сардори шуъбаи Шарқ месабзад. Пас аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи лашкари шуравӣ то соли 1944 хидмати ҳарбӣ кард. Баъди бардоштани ҷароҳат ва бозгашт ба зодбум кори илмии худро идома дод.
Соли 1946 таҳти роҳбарии А. Ю. Якубовский Экспедитсияи археологии Тоҷикистон таъсис меёбад ва ӯ ба он пайваста, ба кишварамон омад. Меҳри сарзамини мо аз ҳамон давра ба дили Дяконов реша давонд ва, ба ҳамин хотир, баъди фавти Якубовский роҳбарии экспедитсияро бар дӯш гирифт (1953).
Мавсуф муаллифи сад асари илмӣ оид ба таърихи Эрон, санъат ва фарҳанги давлатҳои Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик, мутарҷими осори классикони адабиёти форсу тоҷик мебошад. Махсусан, асарҳои ӯ «Очеркҳо аз таърихи Эрони қадим» ва «Маданияти қадими тоҷикон» (ба забонҳои тоҷикию русӣ) дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик нақши бориз гузоштаанд. Аслан, оғози кораш тарҷумонӣ буд. Ин аст, ки пораҳое аз ашъори Фирдавсӣ, Низомӣ ва Гургониро ба русӣ баргардонда, дар ин ҷода низ хидмати шоиста анҷом додааст. Ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон (соли 1951), таърихнигору бостоншиноси варзида Михаил Дяконов 8-уми июни соли 1954 дар Москва аз олам чашм мепӯшад.
ДАР БОРАИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН
Китоби «Маданияти қадими тоҷикон» аввалин китобест ба забони русӣ, ки доираи васеи хонандагонро бо тадқиқоти бостоншиносии Тоҷикистон шинос мекунад ва, дар айни ҳол, рафти ҷиддии кори экспедитсияҳоро нишон медиҳад. Михаил Дяконов тули 25 сол ёдгориҳоро таҳқиқ карда, ба хулосаҳои ҷолиб меояд ва он ҳамаро дар як китоб ҷамъ меоварад.
– Иштироки ӯ дар кофтуковҳои бостоншиносии Панҷакенти Қадим, корҳои пажӯҳишии дастаҳои Дяконов дар водии Ҳисор ва поёноби дарёи Кофарниҳон, тафтиши дақиқи маводи дар натиҷаи кофтуков бадастомада – ҳамаи ин хидмати бузурги олим мебошад. Ӯ солҳои охири умраш оид ба таҳияи китоби илмӣ-оммавии бостоншиносии Тоҷикистон заҳмати зиёд кашид. Муаллиф манзараи корҳои бостоншиносиро бо маҳорати баланд тасвир мекунад. Аз саҳифаҳои моҳирона навиштаи ӯ накҳати романтикаи саёҳат меояд ва хонанда ба вазъияти ҷустуҷӯ ва андешаҳои эҷодӣ афтода, иштирокдори бевоситаи ҳафриёт мегардад ва барояш чизҳои навро кашф менамояд,– навишта буд таърихшинос Б. А. Литвинский.
Баъд аз вафоти М. М. Дяконов дар Панҷакент бисёр кашфиёти шоёни диққат, аз ҷумла нақшу нигораҳои нави деворҳо, ҳайкали чӯбии кандакорӣ ва маҳсули ҳунари устодони моҳири суғдӣ пайдо шуда бошанд ҳам, вале оғозгари ин роҳ, ки моро баъдан ба шоҳроҳ, то ба кашфи Саразм расонд, бешубҳа, Якубовский ва Дяконов ҳастанд.
Мавсуф дар муқаддимаи асараш «Маданияти қадими тоҷикон» бо эҳсоси эътимод ин ҳарфҳоро менависад: “Тоҷикон аз қадим дар Осиёи Марказӣ сукунат доранд. Қариб ҳазор сол пеш аз ин, дар яке аз давраҳои замони феодалӣ, тоҷикон ҳамчун миллат бо номи ҳозираи худ ташаккул ёфтанд. Аҷдоди тоҷикони ҳозира халқҳои гуногуни қадимии Осиёи Миёна: суғдиҳо, бохтариҳо, тахориҳо ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Онҳо бунёдкорони тамаддуни бузурги бостонӣ, ҳунармандони моҳир ва деҳқонони меҳнатдӯст буданд”.
Нуктаи ҷолиби дигаре, ки аз тарафи Дяконов махсус таъкид мешавад, бо вуҷуди ранҷу озори бешумори таърихӣ дидан, дигаргун нашудани асолати тоҷикон аст: “Ба сарзамини тоҷикон қабилаҳо ва халқҳои гуногуне омада рафтаанд. Ба ин ҷо истилогарони бисёр: аскарони Искандари Мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо омада буданд; дин иваз мешуд, ба ҷойи як забон забони дигар ҳукмрон мегардид, аммо риштаи анъанаи маданият канда намешуд. Дар айни ҳол фаромӯш кардан лозим нест, ки сокинони қадими Тоҷикистон – бохтариҳо ва суғдиҳо – аҷдоди бевоситаи халқи тоҷик буданд”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”