Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда, дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дар зарфи як соли охир таҳлили амиқу дақиқ карданд. Таҳлилҳое, ки дар робита ба дастоварду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра сурат гирифтанд, нишон медиҳанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина амалӣ мегарданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, муборизаи оштинопазир алайҳи ҳама гуна хавфу хатарҳои муосир пешоҳанг буда, дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини зиндагии осудаву босаодати наслҳои оянда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Зимнан, супориши Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар бораи қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040 дар беҳтар намудани вазъи экологӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ тадбири бисёр муассир ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зеро беш аз пеш бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, душвор гардидани таъминот бо маводи ғизоӣ, норасоии оби ошомиданӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ талаб менамояд, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист бо роҳи истифодаи оқилонаи захираҳо тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.
Ба андешаи мо, ин пешниҳод идомаи ҳамон ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониест, ки дар заминаи онҳо соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистонро вобаста ба эълон кардани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуда буд.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маориф, ҳамчун таъминкунандаи пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва фардои босаодати ҷомеа мақоми калидӣ дорад. Тавре дар Паём таъкид гардид, шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин замина, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд. Ҳоло, дар баробари ифтихор аз музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол, бояд ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус бошад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки имрӯз ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдиду хатарҳо ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Тоҷибой СУЛТОНЗОДА,
доктори илмҳои филология