Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барҷастатарин намоди сиёсати ватанпарастона аст. Бо эътимоду истиқболи хуши ҳамватанон, шукӯҳу азамати болотар аз идро дорад ва бо оҳанги ризоят аз халқу миллат ва умеди ояндаи шоистатар аз забони Пешвои миллат ба дуртарину хилваттарин гӯшаҳои кишварамон мерасад. Паёми Сарвари давлат фарҳанги давлатдорӣ ё сиёсатномаи истиқлоли мост, истиқлоле, ки шукӯҳаш асри моро муҳташам кард.
Пешвои муаззами миллат истиқлолро дар зиндагӣ ба унвони мақсади олии худ таъин кардаву тамомияти ҳастӣ – ҷони хешро барои расидан ба ин муқаддасот равона намуданд, чун истиқлол ҷуброни замони ба истилоҳ носозгориҳо ва подоши хуни шаҳидони он замон буд. Табиист, ки агар мақсад бар асоси иродаи қавӣ ва ба манфиати як миллати мутамаддин аст, эҳсоси гумону тардид аз байн меравад. Ин тавоноии руҳиву маънавӣ ба мардум ибрати дигар шуд ва бар ин асос ба он бовар расиданд, ки истиқлол – ин армуғони ҷаҳонӣ, неруи бузургест бархоста аз руҳи Сарвари давлати мо. Агар ба дигар шакл ин маъниро оварем: озодии миллати мо аз озодии шахсии (руҳии) Президенти маҳбуби кишвар ибтидо гирифтааст. Ин мақсад, ин талош неруе буд фаротар аз маҳорат, қавитар аз ибтикор, яъне нубуғ – нубуғе бар пояи эҳсоси ватандӯстӣ, ки миллат бо назардошти чунин табиати фавқулодаи инсонӣ, ин шахсияти мунҳасир ба фардро ба ҳайси Пешвои худ қабул кард. То ҳанӯз ва баъд ва ояндаи дур низ, ин нидо барои огоҳии миллат хоҳад буд: «Шукр кунед, ки чунин давлат ва чунин миллати тамаддунсоз доред».
Аслан, вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шукр кунед» мегӯянд, ин фақат даъват нест, фақат муроҷиат ҳам нест, балки сухане волотар аз ин, лутфу марҳаматест бархоста аз ҷонфидотарин чеҳраи миллат, ки номи шарифашон дар тамоми дастовардҳои бузурги марҳалаи таърихи нави тоҷикон ва дар барномаҳои ЮНЕСКО сабт аст.
Ворид шудан ба марҳалаи истиқлоли давлатӣ, комилан эҳё шудани кишвар, пайвастан ба афкори дунявӣ, расидан ба зиндагии шоиставу муосир ва авҷи давлатдорӣ, миллатҳои дигарро ба боваре овард, ки тоҷикон бо ҳамон фитрати азалии ваҳдатофаринии худ, дар радифи муосир - ҳамқадами замон буданашон, фарҳанги қадими худро низ, эҳё кардаву муқаддас медонанд.
Воқеоти ғайринтизори олам, ки боиси бурида гаштани риштаи иртиботи ҳазорон бегуноҳ бо зиндагӣ мегардад, ангезаи ҷонсӯзе барои аҳли башар аст. Ин ҷо сухан аз муқаддасотест бо унвони инсон ва ҷойгоҳе болотару фаротар аз дину мазҳаб, фаротар аз ҳама арзишҳои дигар, ки онро гоҳе ҳодисаҳои табииву гоҳе аъмоли муташаккилона нобуд месозад.
«Тавре ки ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст» – иброз шуд дар Паёми Сарвари давлат. Чунин андешаи густурда, дар мавриди вазъи сайёра, идомаи таълимоти инсонпарваронаи бузургони растагору огоҳи миллати мост, ки бояд ҳама чиз, аз он ҷумла сарват, ки намоди лутфи Парвардигор аст, дар хидмати инсон ва барои расидан ба зиндагии шоистаи башар бошад.
Нисбат ба ҳаводиси нохуши табиӣ ва муташаккилонаи зиддиинсониву зиндагисӯзе, ки зуд-зуд дар кишварҳои гуногун ба вуқуъ мепайвандад, бетараф набудан, худро аз пайванду табори башар донистани Сарвари давлат, боиси эътимоди дигаре гардид, ки тоҷикон дар баробари таҳким бахшидани ҳисси худшиносии миллӣ эҳсоси фитрии башардӯстона доранд.
Мутафаккири бузург Форобӣ дар мавриди худшиносӣ андешаи бисёр ҷолибе иброз доштаву бар он аст, ки худшиносӣ ин дарку фаҳми зебоист ва беҳтарин зебоӣ ба андешаи ин мутафаккир амали нек аст. Ба як таъбир метавон гуфт: – Дунёро ҳамеша зебоӣ мудирият мекунад ва амале зеботар аз ҳимояти инсон нест, ки он дар гароидан ба некӣ зуҳур меёбад.
Як нуктаи пурҳарорат ва боиси эътирофу тазаккур «Ба тамаддун зиён нарасонед» гуфтани Пешвои муаззами миллат буд, ки онро эҳсоси дилсӯзӣ, масъул донистани худ ва ҷомеаи кунунӣ дар бегазанд мондани муқаддасоти таърихиву фарҳангӣ, дар руҳияи зебопарастӣ тарбия кардани насли наврас фарогир буд.
Эҳтиром гузоштан ба табиат ва ҳама чизе, ки зери мафҳуми Ватан аст, рисолати шаҳрвандист. Пешвои муаззами миллат моро мукарраран ҳушдор медиҳанд, ки тамоми муқаддасоти иқтисодиву фарҳангӣ ниёз ба эҳтирому эҳтиёт дорад ва таъмин намудани насли оянда бо зиндагии шоиста низ, аз ҳамин аъмол маншаъ мегирад: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
«Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад», - баён шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тафаккур ва фитрати азалии миллати мо собит кард, ки тавоноии як кишвар на дар неруҳои ҳарбии он, на дар густурдагии масоҳати он, на дар сарватҳои табиии он, балки дар таҷаллии чеҳраҳои мондагори ҳамон сарзамин аст. Ин ашхос бо рушди илм ва расидан ба камолоти маънавӣ, ба чунин мартабаи дилнавардиву оламгирӣ расидаанд.
Боз руҷуъ мекунем ба ҳамон нубуғи Пешвои муаззами миллат, ки барои ташаккули зеҳнии ҷомеаи кунунӣ, ҳидоят кардан ба донишандӯзӣ, барои расидан ба камолоти маънавӣ табаддулоти фарҳангие бо баргузории озмунҳои бузурги ҷумҳуриявӣ намуданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки наврасони кишвари мо дар ин раҳгузор аз андешаву орзуву руъёҳо маҳорату истеъдоди худро пайдо карданд, ба даст гирифтанд ва барои худ мақсадҳои бузургтаре гузоштанд.
Шояд вожаи модар пурҳарораттарин сухан, ангезабахштарин калом бошад, ки хотиротро дар як лаҳза тагорӯ ва симои ҳамеша дар авҷи хотир будаи ӯро мунаввартар мекунад. Дар Паёми Сарвари давлат дар иртибот ба модар сухане садо дод, ки тамоми паҳлуҳои рисолати занони тоҷикро фарогир буд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
То зиндагист, мафҳуми ҳастӣ ба вожаи зебои модар паҳлу мезанад. Воқеан, тамоми эҳсоси модар тавассути андешаву фитрату аллаву навозиши ӯ ба тифл интиқол гардида ва ин оғози тарбияи як фарди ҷомеа маҳсуб мешавад.
Таърих шаҳодати вофир аз он медиҳад, ки дар ҳама давру замон қонун нахустин омили низоми давлатдорист. Қонуни ҳар як давлат на танҳо низоми зиндагӣ, балки низоми тафаккури ҷомеа маҳсуб мешавад. Нахустин бархӯрди як инсони солимфикр ҳам ба як давлати мутамаддин қонун буда, дар мизони сиёсии дунё давлат ва қонун дар мувозинати ҳамешагӣ қарор доранд. Ба андешаи бузургтарин мутафаккирони дунё, мафҳуми озодӣ, яъне истиқлол, маънии арҷ гузоштани қонунҳои дурусти давлати худ буда, мутааллиқи қонунҳои дуруст будан, барномаи зиндагии худро бар пояи ин муқаддасоти маънавӣ тарҳрезӣ кардан, бар асоси қонун тасмим гирифтану амал кардан, талоши бомаврид кардан (огоҳона амал кардан) арҷгузорӣ ба қонун аст. Иртиботи бетанаффуси ҳокимият ва ҷомеаро маҳз қонун нигоҳ медорад.
Мо – тоҷикон, эҳсоси бузурги ризоят аз Конститутсияи адолатбунёду инсонпарваронаи давлати худ дорем, зеро он ҳамеша қадри инсонро болотару фаротар аз тамоми арзишҳо мегузорад. Чунонки, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароварди Паёми нишоттанини худ оварданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Соли 2024-ро ба истиқболи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани Пешвои муаззами миллат, ибтидои соли пуршарофат ва идомаи ибтикорҳои руҳбахши Ватан хоҳад буд.
Гулноз ТОҲИРИЁН,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи
Мирзо Турсунзода