Ба иттилои Абдулвоҳид Маҳмудзода, муовини сардори раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар ин давра корхонаҳои “Зарафшон”, «Талко Голд», “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, «Апрелевка», “КМ Анзоб”, «Ширкати металлургии Анзоб», «Назирӣ», “С.А. Минералс” ва «Кофтукови Ганҷ» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро барзиёд иҷро карданд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти аҳамияти соҳа дар ҷумҳурӣ, солҳои охир ба рушди он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии рушди саноати кӯҳию металлургӣ, азхудкунии конҳои металлҳои ранга ва сиёҳ, истихроҷу коркарди онҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019 Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 қабул шуда, татбиқи он ҳоло идом дорад. Мақсад аз таҳияи Барнома ташкили истеҳсолоти инноватсионии рақобатпазир, васеъ кардани номгӯй ва зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, навсозӣ, таҷдид ва ба кор андохтани корхонаҳои амалкунандаи бойгардонии кӯҳӣ, сохтмони саривақтию пайи ҳам ба истифода додани иншооти нави самараноки металлургӣ ва маҷмааҳои бойгардонии кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нав, таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои истихроҷи иқтисодиёт бо ашёи хоми минералӣ ва захираҳои ашёи хоми минералӣ дар ҳаҷмҳое, ки ҳалли масъалаҳои корхонаҳои азимро таъмин мекунанд, ба ҳисоб меравад. Таҳлили иҷрои Барнома нишон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, корхонаҳои соҳа солҳои 2019-2023 кӯшиш ба харҷ доданд, ки иҷрои нишондиҳандаҳои барномавиро таъмин намоянд.
Бо назардошти вазъи сиёсӣ, андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати гардиши воситаҳои таркиш ва маводҳои тарканда, воридоти дастгоҳу таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаро мушкил гардонд. Инчунин, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз накардани ҶСК КМ «Адрасмон», сар задани пандемияи COVID-19 таъсири манфии худро дар иҷрои нишондиҳандаҳои Барнома расонд.
Мавриди зикр аст, ки ҶДММ КМ «Зарафшон» бо ба имзо расондани Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ КМ “Зарафшон” оид ба коркарди маҷмуи конҳои тиллои “Тарор”, “Ҷилав” сохтмони корхонаи металлургии истеҳсоли миси металлиро бо усули оксидкунонӣ бо ҷалби беш аз 119 миллион доллари ИМА ба анҷом расонд. Корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуда, зиёда аз 1005,3 тонна миси катодӣ истеҳсол кардааст. ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” оид ба барқарор намудани фаъолияти истеҳсолии корхонаи сурби амалкунанда, ҷалби мутахассисон ба корхона ва ба иқтидори лоиҳавӣ дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли сурби металлиро ба 4,7 ҳазор тонна расонд, ки нишондиҳанда боиси нигаронии Вазорат гардид, чунки истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхона солҳои 2019-2023 ҳамагӣ 6,1 дарсадро ташкил медиҳад. Бар ивази бунёди корхонаи истеҳсоли руҳи металлӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол, тибқи протокол, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” уҳдадор гардидааст, ки лоиҳаи ба роҳ мондани коркарди пурраи хокаи сурб бо бадастоварии тамоми унсурҳои ҳамроҳ дар шакли маҳсулоти ниҳоиро амалӣ намояд.
Ҳоло сурби дар корхонаи металлургӣ истеҳсолшаванда дорои омехтаҳои гуногун, аз ҷумла сурб 96,5 дарсад, мис 1, висмут 0,5, сурма 0,2 дарсад ва нуқра 1800 г/т мебошад. Ҳангоми ба фурӯш баровардани сурби омехтадор унсурҳои зикргардида инкор ё бо нархи паст баҳогузорӣ мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки занҷираи истеҳсолӣ васеъ гардонда, истеҳсоли маҳсулот дар шакли штейн, сурб ва нуқра дар шакли сабика ба роҳ монда шавад. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 42,6 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 33,4 миллион доллар барои сохтмон, дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Абдулвоҳид Маҳмудзода, ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» мақсад дорад, то охири соли равон марҳала ба марҳала навбати сеюми хатти технологиро мавриди истифода қарор диҳад. Ҳоло фаъолияти мунтазами он ба роҳ монда шуда, то 20 ҳазор тонна хока дар як сол коркард мегардад.
Моҳи апрели соли 2022 аз тарафи ҶСП «Талко Голд» дар заминаи гурӯҳи конҳои «Кончоч» фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди 1,5 миллион тонна маъдан дар як сол бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта корхона ба маблағи 652,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд.
Ба фаъолият шуруъ кардани корхонаҳои болозикр имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ба роҳ монда, марҳала ба марҳала барои ташкили 2500 ҷойи кории нав бо музди меҳнати муносиб ва манбаи боэътимоди андозбандӣ мусоидат намояд.
Ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз накардани баъзе аз корхонаҳо, таъсири манфии худро дар иҷрои нишондиҳандаҳои Барнома мерасонанд, ки яке аз онҳо ҶСК КМ “Адрасмон» мебошад. «Адрасмон» аз биноҳои маъмурӣ, фабрикаи бойгардонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, қисман дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад. Солҳои пеш дар “Адрасмон» 621 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буд. Ҳоло дар он 130 корманд аз рӯи ҷадвали корӣ дар самти корҳои вобаста ба нигоҳдории инфрасохтори кон ва ҳимояи иншоот фаъолият менамояд.
ҶСК КМ «Адрасмон» аз пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқу андозҳои гуногун ва музди меҳнат 49,8 миллион сомонӣ қарздор буда, ба ҷалби сармоя ниёз дорад. Ширкатҳои сармоягузории Чин, Россия, Қазоқистон, давлатҳои Канада ва Австралия ҷиҳати сармоягузорӣ намудани ҶСК КМ «Адрасмон» мароқ зоҳир намудаанд ва пешниҳодҳои онҳо мавриди баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.
Мураккаб арзёбӣ гардидани таркиби маъдани конҳои истихроҷшаванда, таъмини корхонаҳо бо қувваи барқи босифат мушкилиҳои таъсиррасони дигар дар татбиқи Барнома буда, барои бартараф кардани онҳо Вазорат дар мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор корбарӣ дорад.
Кароматулло АТО,