ВОРИДОТИ ГАНДУМУ ОРД КОҲИШ ЁФТУ ИСТЕҲСОЛ АФЗУД
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 23,6 ҳазор тонна гандум ворид шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 2,8 дарсад кам аст, зеро истеҳсоли гандуми ватанӣ ба 860,8 ҳазор тонна расид.
Зимни нишасти хабарӣ Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 56,7 ҳазор тонна орд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (93,4 дарсад) ва Федератсияи Россия (6,51 дарсад) ба кишвар интиқол ёфт. Илова бар ин, дар корхонаҳои мамлакат 605,6 ҳазор тонна орд истеҳсол шуд, ки аз соли пешӣ 7,6 тонна бештар аст. Ин ҳама аз зиёд гардидани маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Аз хориҷа, махсусан аз Қазоқистону Россия 106,4 ҳазор тонна равғани рустанӣ харидем. Хурсандиовар аст, ки истеҳсоли ин маҳсулот дар корхонаҳои равғанбарории ҷумҳурӣ нисбат ба соли рафта 2,7 дарсад афзуд.
– Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамот дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар чанд субъекти хоҷагидор санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронд, ки дар натиҷа ба маблағи 11,3 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор гашт ва ба буҷети давлатӣ супурда шуд, – илова кард Сафаралӣ Қурбонзода.
Кароматулло АТО
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Имсол низ баргузории чор давраи имтиҳон дар назар аст»
Яке аз навгониҳои соли 2023-юм дар асоси “Тартиби гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188, дар таҳрири нав тасдиқ шуд, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар чор давр роҳандозӣ гардид, – гуфт дар нишасти хабарӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин, зикр намуд, ки ин тарзи тартиб барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мусоидат кард. Аз ин рӯ, имсол низ баргузории чор давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонот дар назар аст.
Лола РИЗОӢ
289,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЁРИПУЛӢ ДАР ЯК СОЛ
Соли сипаришуда ёрипулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳо ба 289,9 миллион сомонӣ расид. Ин нуктаро Аъламхон Наимӣ, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ёрипулиҳо бештар барои ҳомиладорӣ, нигоҳубини кӯдак ва табобати курортию санаторӣ, солимгардонии кормандон дар муассисаҳо равона гардид. Ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар истироҳатгоҳҳо 3,8 миллион сомонӣ маблағ интиқол ёфт, ки аз соли пешӣ 183 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соли гузашта барои маблағгузории нафақа 3 миллиарду 356,6 миллион сомонӣ равона шуд. Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарз вуҷуд надорад.
Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз якуми июли соли сипаришуда аз тарафи Агентӣ нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир 16 дарсад индексатсия шуда, нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ 20 дарсад аз андозаи нафақаи заминавӣ зиёд гардид.
Кароматулло АТО
ДДМИТ
27 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя карданд
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода дар нишасти хабарӣ тазаккур дод, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар соли хониши 2023-2024 довталабон аввалин маротиба аз рӯйи ихтисосҳои иқтисоди рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, идораи давлат ва ҳуқуқ, амнияти компютерӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва идораи давлатӣ ба Донишгоҳ қабул гардиданд.
Соли 2023 устодон 17 китоби дарсӣ, 12 монография, 23 воситаи таълимӣ, 25 дастури таълимӣ-методӣ ба нашр расонданд.
Ҳамчунин, ба маблағи 154 988,4 сомонӣ китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ хариданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 27 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шуд. Ба шахсоне, ки рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, 50000 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонданд.
Дар ҷамъбасти сол бо ташаббуси роҳбари муассиса ва қарори дахлдори Шурои олимони Донишгоҳ музди меҳнати кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10 дарсад баланд бардошта шуд.
Лола РИЗОӢ