Ба Петар Шегрт унвони Мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон дода шуд
Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт, ки таҳти роҳбарии ӯ тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 бомуваффақият баромад кард, бо унвони Мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон оид ба футбол сарфароз гашт.
Унвонро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни мулоқот бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петар Шегрт тақдим намуд.
З. Гулаҳмадзода аз фаъолияти густурдаи Федератсия ва сармураббӣ ёдовар шуда, ба онҳо изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ варзиши рақами як дар кишвар ба таври бесобиқа рушд намуда, наврасону ҷавонони зиёд ба ин намуди варзиш ҷалб гардидаанд.
Петар Шегрт ба мардуми тоҷик барои мухлисӣ ва ҳамовозӣ зимни бозиҳои тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуд.
Урдун ва Қатар дар финали Ҷоми Осиё-2023
6-7-уми феврал дар Қатар бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуда, ду ҳарифи тими миллии Тоҷикистон – Урдун ва Қатар ба финал роҳ ёфтанд.
Урдун, ки дар даври чорякфинал, дар як бозии баробар бо ҳисоби минималии 1:0 бар Тоҷикистон пирӯз шуда буд, дар нимфинал мунтахаби Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Дар бозии дигар Қатар бар Эрон бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт. Тими миллии Тоҷикистон дар марҳалаи гурӯҳӣ аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.
Бозии финалӣ миёни тимҳои Урдун ва Қатар 10-уми феврал доир мегардад.
Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2024 доир гашт
Дар минтақаҳои Душанбе, Хатлон ва Суғд марҳалаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор гашт.
Тибқи иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, аз минтақаи Душанбе дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор, “Барқчӣ”-и Ҳисор, КМВА-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб, аз минтақаи Хатлон дастаҳои “Вахш”-и Бохтар, “Ҳулбук”-и Восеъ ва аз минтақаи Суғд тимҳои “Хуҷанд” ва “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ба марҳалаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд, ки 13-17-уми феврал дар шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”