Аз муҳтавои Паёми навбатӣ маълум мешавад, ки соли сипаришуда, сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии дохиливу беруна, оқибатҳои ногувори вазъияти ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои Тоҷикистон пурмаҳсул ва бобарор буд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид: “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд”.
Таъмини рушди иқтисодии босубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки даромади буҷети давлатӣ солҳои охир, бахусус соли 2023, барзиёд иҷро гардад.
Самаранокии рушди иқтисодӣ бо ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ муқаррар карда мешавад. Дар соли 2023 ММД ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2000 қариб 41 маротиба афзуд. Агар дар соли 2000 ММД ба ҳар сари аҳолӣ наздик ба 300 сомониро ташкил карда бошад, ин нишондод соли 2023 тақрибан ба 12380 сомонӣ баробар шуд. Муқоисаи ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таъмини рушди иқтисодии мамлакат бемайлон идома дошта, сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Яке аз самтҳои таъмини рушди иқтисодии босубот ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки даромади пулии аҳолӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2017-ум 3,3 маротиба афзуда, ба 112,7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Сарфи назар аз вазъияти мураккаб ва ҳассоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки болоравии нархҳоро ба молҳои ниёзи аввалия дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дорад.
Пӯшида нест, ки таъмини рушди устувори иқтисод бидуни дастгирии молиявӣ имконнопазир мегардад. Барои таъмини молиявии рушди иқтисодии мамлакат ва густариши он соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли 2022-юм 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, соли 2023 пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзуда, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҷалби сармояи хориҷӣ дар таъмини рушди иқтисодии кишвар нақши муассир дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар 7 соли охир ба кишвар беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Инчунин, барои таъмини амалигардонии «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонда шуда, солҳои 2022-2026, яъне дар панҷ сол, бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад”.
Баҳри инкишофи соҳаҳои саноат ва амалигардонии стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро зарур шумурданд. Аз ин бармеояд, ки соҳаи саноат муҳаррики асосии таъмини рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад, зеро дар ин соҳа ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи иловагии ташаккулёбии даромади буҷети давлатӣ ба миён омада, сатҳи некуаҳволии мардум баланд мешавад.
Барои татбиқ намудани раванди саноатикунонии босуръати кишвар зарур аст, ки тамоми иқтидорҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ба истифода додани иқтидорҳои нав бо дарназардошти воридоти техника ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, чораҳои муассир андешида шаванд.
Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди иқтисодии босубот ин густаришёбии истеҳсолоти кишоварзӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода соли гузашта ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.
Ҳамаи нишондиҳандаҳои пешрафти соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ ва тамоюли афзоишёбии ҳаҷми ММД имкон медиҳанд, ки бо дарназардошти таъмини рушди иқтисодии босубот дар сатҳи 8% солона, тақрибан баъд аз 9 сол ҳаҷми ММД-ро ду маротиба зиёд намоем. Дар натиҷа, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд мешавад ва Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил меёбад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидгардида, хоҳиш, омодагӣ ва қобилияти ҳама қишрҳои аҳолии мамлакат зарур арзёбӣ мешавад.
Ҷ.А. АЛИҶОНОВ,
профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ,
М.И. НУРИДДИНОВА,
декани факултети иқтисодии ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров