Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузории чорабиниҳои муштаракро баррасӣ намуданд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо мудири минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози махсус оид ба буҳрони гурезаҳо ва муҳоҷирон Реҷина Де Доминичис мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро муҳокима карда, ҳифзи иҷтимоӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии кӯдаконро, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад, таъкид намуданд. Ҷонибҳо, инчунин, оид ба баргузор кардани чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни 2024, Душанбе) изҳори назар намуданд.
Ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва СҲИ баррасӣ шуданд
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаҳои башардӯстона, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ Тариқ Алӣ Бахит мулоқот намуд.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СҲИ, инчунин, дурнамои амалӣ намудани иқдоми якҷояро мавриди муқокима қарор доданд. Ҳамчунин, атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ
Ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи Барномаи махсус ва рӯзномаи кори он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурии мо раёсати ин Барномаро дар соли 2024 бар уҳда дорад.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси Олӣ дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Россия
Дар шаҳри Москва вохӯрии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои СААД баргузор шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи СААД муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ таъсис меёбад
Байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Корпоратсияи давлатии «Росатом» ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва машварати муштарак доир гашт, ки зимни он ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва ҳамкорӣ дар самти таълим ва баланд бардоштани касбияти мутахассисон изҳор доштанд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба мо иттилоъ доданд, дар ҷаласа, инчунин, масъалаи омода намудани мутахассисон дар заминаи Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва баррасӣ гардид. Ҷонибҳо масъалаи таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.