Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин навбат низ чун солҳои қаблӣ аз сӯи ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимӣ пайдо карда, ҳамчун дастури роҳнамо ба фардои боз ҳам дурахшон пазируфта шуд. Ҳоло таҷриба нишон медиҳад, ки татбиқи босамари нишондодҳои Паём кафили зиндагии осоишта ва таъмини рӯзгори босаодат аст. Аз ин рӯ, татбиқи ҳар нуктаи он қарзи имонӣ ва шаҳрвандии мост.
Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои муҳими такондиҳандаи рушди мамлакатро дар баробари дигар арзишҳо, захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон, ташкил медиҳанд. Аз ҳамин дидгоҳ, ба сиёсати ҷавонон ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳалаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зимнан, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала ишора карданд: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”. Дар ҳамин ҳол, Сарвари давлат дар баробари изҳори бовару эътимод ба насли ҷавони кишвар, ҳамеша вобаста ба таҳкими ҳисси худшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон даъват ба амал оварда, аз шомил нагардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ ҳушдор медиҳанд.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз кам нестанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд сулҳу субот ва амнияти кишварҳоро ба ҳам зада, нақшаҳои шуми низоъбарангези худро дар амал пиёда созанд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо таваҷҷуҳи асосиро ба неруи ҷавонон равона месозанд ва кӯшиш мекунанд, ки сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ пурра созанд. Дар чунин вазъ, барои гирифтор нашудан ба доми фиреби мубаллиғони ифротгаро ва ворастан аз ҳаргуна ҳаракатҳои зиёновар аз наврасону ҷавонони кишвар донишу заковати баланд тақозо мешавад.
Боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар ҳама соҳаҳо самимона дастгирӣ мешаванд, моро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем. Бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳони муосирро таъсири ақидаҳои ифротгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои миллат бошем.
Шуҳратҷон ҚОЗИЗОДА,
доктарант PhD-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А. Дониши АМИТ