Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ ба Конфронси Душанбе даъват шуд
12-уми феврал намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ Деннис Фрэнсис мулоқот дошт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни суҳбат ба Деннис Фрэнсис даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) супурда шуд.
Баррасии ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар шаҳри Тошкент масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо директори Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист Ингер Андерсон баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда доир шуд. Зимни мулоқот мусоҳибон оид ба ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намудани 21-уми март ибрози назар намуданд.
Соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад
Ҳайати Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаҳрҳои Москва ва Минск силсилаи вохӯриҳоро ба манзури муҳокимаи масъалаҳои омодагӣ ба раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 доир намуд.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, дар Москва машварат байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор шуд. Зимни машварат атрофи масоили мубрами рӯзномаи Иттиҳод мубодилаи афкор сурат гирифта, самтҳои асосии ҳамкории ду давлат баррасӣ гардиданд. Дар Минск ҳайати Вазорат бо муовини якуми Дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов вохӯрд.
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазир, раиси Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи навбатии Шуро доир гашт.
Дар робита ба ин, Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ додааст, ки фаъолияти мақомоти аъзои Шуро натиҷагирӣ шуд. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки тибқи таҳлилҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам фаъолияти мақомоти аъзои Шуро беҳбудиро тақозо менамояд.
Масъалаи тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ гардид
12-уми феврал дар шаҳри Бангкок сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Таиланд Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир – вазири тиҷоратии Шоҳигарии Таиланд Фумтам Вечайачай мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити нав барои ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд зоҳир гардид. Ҷонибҳо зарурати таҳкими равобити тиҷоратӣ байни ду мамлакатро дар тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани имконияти сармоягузорӣ ва дастгирии корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои муҳими саноат таъкид намуданд.