Масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва тарбияи ҳуқуқӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ин ба он ваҷҳ аст, ки имсол дар кишвари мо 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Маҳз таъмини волоияти қонун аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини дунё табдил ёфта, сазовори эътирофи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо, дар тамоми арсаҳо дастовардҳоро соҳиб гардида, дар сурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон музаффариятҳо боз ҳам афзун хоҳанд гашт. Зеро, ҳамон тавре ки гуфта мешавад, дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Ҳоло ҷаҳони муосир ба марҳалаҳои нави ташаккулу таҳаввул ворид гардида, бинобар ҳассос будани авзоъ аз ҳар як аъзои ҷомеа зиракии сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқӣ тақозо мешавад. Ё ба таъкиди Сарвари давлат вазъи мураккаби дар асоси равандҳои ҷаҳонишавӣ шаклгиранда моро водор менамояд, ки беш аз ҳарвақта масъулияти баланди ватандӯстӣ зоҳир намоему дар интихоби роҳи дуруст хато накунем. Табиист, ки дар ин самт, пеш аз ҳама, донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа “нақши калидӣ” дошта метавонад. Аз ҷониби дигар, дар равандҳои муосири сиёсиву иҷтимоӣ, ки хатарҳову таҳдидҳои бештаре дар пай дорад, бояд масъулияти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бамаротиб бештар бошад: “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд”.
Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марҳала ба марҳала бо тай намудани ҳама монеаҳову душвориҳо ва амалӣ гардондани муҳим-тарин ҳадафҳои стратегӣ ҳамқадами ҷаҳони муосир шуд. Қатъи назар, аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамини биҳиштосоямон таъмину пойдор гардид. Бо вуҷуди дигар гаштани низомҳои иқтисодии маъмуливу қолабӣ, дар заминаи андешидани тадбирҳои судманди давлату Ҳукумати мамлакат проблемаву мушкилоти озуқаворӣ бартараф гардиданд. Тоҷикистон тавонист, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад ва дар роҳи истиқлоли энергетикӣ комёбиҳои бузургеро ба даст оварад.
Дар баробари амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги стратегӣ, истеҳкоми зербинои ҷомеаи маънавибунёд ҳамеша муҳим дониста мешавад ва дар ин самт тарбияи ҳуқуқӣ афзалияти бештар дорад, ки аз мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дур намебошад: “Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст”.
Таҳлилҳо дар самти маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он дар Паёми имсола фарогир буда, маҷмуан дар ҳамбастагӣ ба тақозои вақт сурат гирифтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фароҳам омадани шароиту фазои созгор ва муваффақона анҷом додани чандин рисолатҳои бузурги давлатдорӣ акнун вазифаҳои бузургеро дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, ки иҷрои онҳо таъмини волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар Ватани маҳбубамонро кафолат медиҳанд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ боз як иқдоми ояндасози Сарвари давлат ба шумор рафта, дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Ин ташаббус маънои онро дорад, ки акнун намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷомеа қаринтар мешаванд ва дар якҷоягӣ роҳи баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонибиниву маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамвор месозанд. Дар ин замина ҳар яки моро зарур аст, ки дар татбиқи сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат садоқатмандона талош варзем.
Бахтиёр НУРИДДИНЗОДА, прокурори калони раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура