13-уми феврал муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои рушди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории густурда табодули афкор намуданд.
Раванди амалишавии лоиҳаҳои UNFAO дар Тоҷикистон
12-уми феврал дар шаҳри Душанбе муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UNFAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, инчунин, раванди амалишавии лоиҳаҳои UNFAO дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вусъати ҳамкориҳо бо Фонди глобалии экологӣ
12-уми феврали соли равон дар ҳошияи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо директори Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануэл Родригес баргузор гашт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзуи тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур иттилоъ додааст.
Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
12-уми феврал дар шаҳри Теҳрон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ оғоз гардид, ки дар он гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуд.
Ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар гӯшаи Тоҷикистон имконияту зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла чанд намуди сайёҳӣ ва хатсайрҳои дар ин соҳа ташкилшударо ба иштирокдорони Намоишгоҳ муаррифӣ намуданд. Дар ин бора ба мо аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ намуданд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми раиси Агентии давлатии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Алӣ Раҷаб мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Академияи дипломатӣ
12-уми феврал мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Александр Яковенко баргузор гашт.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи барномаҳои таълимии бакалавриат, магистратура ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар Академияи дипломатӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба идомаи ҳамкорӣ дар самти муҳайё намудани шароити муносиб барои корҳои илмӣ ва таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардиданд.