ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ БОЛО РАФТ
Соли рафта ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмуъ, бо назардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил, 21 миллиарду 656 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 453 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Истеҳсоли неруи барқ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ба 16 миллиарду 479 миллион кВт/соат расид. Талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 74,7 миллион кВт/соат ё 0,45 дарсади барқи истеҳсолшуда баробар аст. Ин рақам зимни нишасти матбуотии якҷояи ҶСК «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баён гашт.
ҶСК «Барқи тоҷик» бо мақсади беҳтар кардани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ бо неруи барқ давоми сол 5 миллиарду 133,9 миллион кВт/соат аз «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун» бо 1 миллиарду 887,8 миллион сомонӣ неруи барқ харид.
Маҳмадумар Асозода, директори генералии ҶСК «Барқи тоҷик», гуфт, ки содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба соли пешӣ 124,2 миллион кВт/соат зиёд буда, ба 2 миллиарду 677 миллион кВт/соат расид. Неруи барқ, асосан, ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон фурӯхта шуд. Дар дохили ҷумҳурӣ 18 миллиарду 663,7 миллион кВт/соат неруи барқ ба ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» (774,6 миллион кВт/соат) ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» (17 миллиарду 889 миллион кВт/соат) ба фурӯш рафт.
Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 57,1 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии неругоҳҳо иҷро гардиданд.
Маҳмадумар Асозода сабаби асосии маҳдудияти барқро дар камии оби обанборҳо, камбориш омадани сол маънидод кард.
Кароматулло АТО
СОЛИ 2025 ТОҶИКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ҚУВВАИ КОРӢ ИНТИҚОЛ МЕДИҲАД
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2025, баъди ба имзо расондани Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи Маркази маҳаллии низоми Employment Permit System (EPS), амалӣ мешавад.
Соли рафта талошҳои Вазорат ҷиҳати ворид шудан ба низоми Employment Permit System (EPS)-и Ҷумҳурии Корея идома ёфта, тибқи талабот ба саволномаи ҷониби Корея маълумоти муфассал ва дақиқ пешниҳод шуд. Баъди баррасӣ коршиносони Корея бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷирати Тоҷикистон ва гирифтани ҷавобҳои мушаххас ба саволҳояшон ду маротиба ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти муассисаю сохторҳои марбута аз наздик шинос шуданд. 29-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун давлати 17-ум интихоб шуд, ки дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ дастоварди сол аст.
Ба маълумоти Гулнора Ҳасанзода, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 652 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2022-юм 16 дарсад кам мебошад.
Кароматулло АТО
НОРАК
Саноатикунонӣ вусъат меёбад
Соли 2023 қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳри Норак, бо назардошти андози иҷтимоӣ, 109 дарсад иҷро гардида, ба хазинаи давлат 126,8 миллион сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 10,1 миллион сомонӣ бештар аст. Қисми хароҷоти буҷет 100 дарсад иҷро шуд, ки 74,5 миллион сомониро дар бар мегирад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки нишондиҳандаҳои ҳамаи соҳаҳо чашмрас буда, махсусан, саноатикунонӣ рушд дорад. Соли гузашта корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 884 миллиону 785 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 254,6 миллион сомонӣ бештар аст. Соли рафта дар шаҳр корхонаи истеҳсоли хишти пухта, коргоҳи истеҳсоли орд ва марҳалаи дуюми фермаи парандапарварӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат, соҳибкорон таъсиси 5 корхонаю коргоҳи нави саноатиро дар нақша доранд.
Суннати СОДИҚ
2,7 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардид
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳод дар соли 2023 ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба ҷумҳурӣ 2,7 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардид.
Ба гуфтаи раис, афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2022-юм 113,6 миллион доллари ИМА ё 4,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар, ҷалби сармояи мустақим ва диверсификатсияи он мулоқоти маҷозии соҳибкорони Тоҷикистон бо Швейтсария ва Испания баргузор шуд. Инчунин, ҷаласаи аввали гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Беларус, Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон, форуму ҳамоишҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, Қазоқистон, Корея, Олмон, мулоқоти дуҷониба байни сохторҳои давлатию хусусии Тоҷикистон ва Россия, форумҳои байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2023», «Душанбеинвест-2023» ва ғайра баргузор гаштанд. Дар доираи ин чорабиниҳо як қатор санадҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расида, ҷиҳати оғози татбиқи онҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатию бахши хусусӣ корҳо идома доранд.
Шаҳноз ҚУРБОН
Парвиз Акрамзода: “Ширкати алюминийи тоҷик” ба маблағи 486 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард”
– Соли 2023 нақшаи даромади буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода 100,3 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷоти он 96,3 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ ба 4 миллиард сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 427,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри рушди соҳибкории хурду миёна филиалҳои бонкҳои давлатию саҳомӣ ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар шаҳри Турсунзода ба маблағи 452,3 миллион сомонӣ ба аҳолӣ қарз додаанд. Ин аз соли пешӣ 109,9 миллион сомонӣ зиёд аст, – гуфт раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар нишасти хабарӣ.
Дар идома П. Акрамзода илова намуд, ки соли рафта 6 корхонаи саноатӣ бунёд ёфта, 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Корхонаҳои ҶДММ “Фежа Фарма”, “Сардор-2008”, “Сомон – Турон – Инвест”, “Ҳоҷӣ Муҳаммадӣ”, “Шаҳрдор” ва “Регу шағали Янгибоғ” фаъолияти хуб нишон дода, иқтидори истеҳсолиашонро баланд бардоштанд. Маблағи умумии маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 123 миллион сомонӣ расид. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи тоҷик” ба маблағи 486,2 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид намудааст. Ин дар қиёс ба соли 2022-юм 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Соли рафта заҳматкашон бо истифода аз тухмиҳои хушсифат аз майдони 21216 гектар ҳосили хуби ғалладона, сабзавот, картошка, пахта, зағир, хӯроки чорво, полизӣ ва дигар зироат рӯёнданд. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолгардида 1 миллиарду 437,6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот 78 сардхона бо ғунҷоиши 21792 тонна маҳсулот фаъолият мекунад. Инчунин, 308 гармхона дар масоҳати 39,83 гектар мавҷуд буда, дар онҳо лимӯ, сабзавоти барвақтӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд. Танҳо соли 2023 дар масоҳати 11,39 гектар 23 гармхона бунёд гардид.
Ёқуби СОДИҚ
АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА:
«Соли 2023 дар Шаҳринав соли рушд буд»
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки заҳматкашон бо истифода аз тухмиҳои аълосифат дар майдони 11 ҳазору 58 гектар кишти зироат гузаронда, 21868,4 тонна ғалладона, 472,9 тонна пахта, 4576 тонна картошка, 77382,1 тонна сабзавот, 1461,6 тонна полизӣ, 9281,6 тонна мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварданд. Маблағи умумии маҳсулот 528 миллиону 756 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 1 миллиону 386 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.
Соли гузашта барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 24 ҳазору 640 сомонӣ ҷудо гардида, 1,4 километр роҳ навсозӣ ва 1980 метри мураббаъ таъмир шуд. Бо ташаббуси соҳибкорон ва сармоягузории хориҷӣ 21,1 километр роҳҳои автомобилгард таъмир гашт. Маблағи умумии дар самти роҳсозӣ масрафгардида 35 миллиону 238 ҳазору 855 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, 10,5 километр роҳҳои байнидеҳавӣ ба маблағи 131 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 5 пул бо сарфи 218 ҳазору 600 сомонӣ таъмир гардид.
Раиси ноҳия афзуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит дар муассисаҳои таълимии ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карданд. Бавижа, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 46 ва 33 дар маҷмуъ, 8 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Феълан, сохтмони 40 синфхонаи дигар дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 19, 27, 35 ва 53 бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон ва дигар сарпарастон ҷараён дорад.
Ёқуби СОДИҚ
74 шурои диссертатсионӣ аз рӯи 180 ихтисос амал мекунад
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 ба Комиссия 679 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардида, аз он 243 парванда тасдиқ, 400-то дар баррасӣ қарор дошта, 36-тоаш рад шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳимояи рисолаҳои илмӣ 237-то зиёд гардид, ки аз ин теъдод 26 парванда барои дарёфти дараҷаи доктори илм, 181 номзади илм ва 30 доктори PhD аз рӯи ихтисос мебошад.
Гуфта шуд, ки айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат 74 шурои диссертатсионӣ фаъол аст, ки аз рӯи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ диссертатсияҳоро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз рӯи 46 ихтисос фаъолият мебарад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 628 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 886 нафар доктори илм, 4 ҳазору 622 нафар номзади илм ва 120 нафар доктори PhD аз рӯи ихтисос мебошанд.
Лола РИЗОӢ
МУЪМИНОБОД
Корҷӯён бо кор таъмин мешаванд
12-уми феврал нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод доир гашт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Сайвалӣ Амирзода иттилоъ дод, ки соли гузашта қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104 дарсад иҷро гардида, нисбат ба нақша 674 ҳазору 928 ҳазор сомонӣ ва, инчунин, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 2 миллиону 930 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Ба гуфтаи Сайвалӣ Амирзода, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1 ҳазору 232 нафар корҷӯ муроҷиат намуд, 220 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардид, 714 нафар, аз ҷумла 193 зан, бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гашт.
Суннати СОДИҚ