Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша як гуфтору мақсади некеро таъкид менамоянд, ки мо бояд барои мардуми худ шароити арзандаро ҷиҳати зиндагии шоиста фароҳам созем. Мафҳуми “зиндагии шоиста”-ро бо мурури замон дарк намудам ва бо чашми сар дидам, ки тули зиёда аз сӣ сол Пешвои миллат барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ чи қадар талошҳо карданд, ки васфи ҳамаи онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст.
Пешвои миллат созандагиву бунёдкориҳои бесобиқаро аз пойтахти азизи Тоҷикистон оғоз бахшида, баъдан, барои ободии ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои муассире роҳандозӣ сохтанд. Бахусус, дар доираи барномаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Ватани азизи моро рушди беназир бахшиданд.
Дар ҳамин радиф, бояд зикр намуд, ки панҷсолаи охир Душанбеи азиз низ қабои шаҳри пешрафта ва рушдёфтаро ба бар кард ва ҳамон номи таърихии шаҳри гулҳо, шаҳри дилҳо, шаҳри ҷавонӣ ва қалби тоҷикони ҷаҳонро ҳамакнун соҳиб гардид. Ман аз сокини пойтахти кишвар буданам ифтихор мекунам.
Дар баробари ин, нуктаи дигаре низ қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳифзи ободиву шукуфоии ҳар як шаҳр бо дараҷаи сатҳи фарҳанги сокинонаш сахт алоқаманд аст. Бемасъулиятӣ ва беаҳамиятии шаҳрнишинон нисбат ба ҳифз ва истифодаи дурусти ободиҳо ва муассисаҳои ҷамъиятии шаҳр, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои амалинамудаи шаҳрдорӣ, ба косташавии ҳусни шаҳр ва тахриби ободиҳо сабаб мегардад. Мутаассифона, мо ҳанӯз, баъзан, шоҳиди ин гуна беаҳамиятӣ ва хунукназарии сокинон нисбат ба тозагии шаҳр ва боғҳои фарҳангию фароғатии он ҳастем, ки на танҳо табъи моро хира месозад, балки дар рушди фарҳанги шаҳрдории мо низ халали ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ҷумла, баъзе сокинон партовҳоро на дар қуттиҳои махсус, ки дар ҳар як гӯшаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузошта шудааст, мепартоянд, балки дидаву дониста партовҳоро ҳар ҷо, ки рост омад, мерезанд.
Барои ман, шахсан, бисёр аламовар аст, ки пешопеш мошини гаронарзише дар кӯчаи зебову оростаи Душанбе меравад ва якбора тирезаи он кушода шуда, донаҳои офтобпараст ва қуттии оби нӯшокӣ ба канори хиёбон партофта мешавад. Ба худ андеша мекунам, ки магар ин партовҳои беадабона партофташуда вазни зиёд ё бӯи бад доранд, ки ронанда зуд аз онҳо халос шудан мехоҳад? Ҳол он ки, сари ҳар қадам ҷойи муқарраршуда ҳасту имкони боодобона анҷом додани ин амал мавҷуд мебошад. Ё ин ки, ба ҷойи кор ё хона расида, озод онро дар партовгоҳ ҷой кардан мумкин аст-ку. Пас, ба хулосае меоям, ки ронанда беодоб аст ва фарҳанги шаҳрнишинӣ надорад. Наход замини муқаддаси Тоҷикистон аз мошини он ронанда камарзиштар бошад, ки даруни мошин тоза монаду шаҳр ифлос шавад!? Вой бар ҳоли мо, ки то ҳол ба қадри меҳнат ва нақшаҳои ободонии шаҳрдорӣ намерасем. Мо ба қадри меҳнати шабонаи модарони солхӯрда ё тифли хурдсолдошта, ки аз рӯи зарурат дар гармову сармо ҷорӯб ба даст гирифта, то субҳ кӯча мерӯбад, намерасем. Ё, аниқтараш, мо ба қадри худ намерасем. Ҳиссу ифтихори миллӣ бояд дошт, ки дар ашъору нигоштаҳои безаволи шоирону нависандагон бештар эҳсоси зебоипарастӣ, хушгуфторӣ ва покиза нигоҳ доштани обу хоки Ватан тараннум шуда, аз ояндагон риояи ин масъулиятҳо талаб карда мешавад. Мо насли худ бо фалсафа ва мантиқи баланди ашъори гузаштагони сатҳи ҷаҳониамон тарбият карда истодаем. Олам Умари Хайём ва Саъдии Шерозӣ мехонад. Пас, чаро муҳтавои панду насиҳатро пурра дарк намекунанд. Вале айб набояд ҷуст. Бо пайроҳаву насиҳатҳои орифонаи Пешвои миллат ва дарки баланди тоҷикият боз ҳам кӯшиш карда, пеш бояд рафт.
Имрӯз замоне расидааст, ки тарбиятгирифтагону тарбиятгирандагони ин мактаби муосири давлатдорӣ ҳамарӯза аз дастоварду навидҳои ободонӣ бо мардум сухан гӯянд. Агар мо сохта наметавонем, пас, бояд дар фикри тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои ободшуда бошем. Аз зебоӣ ва дилписандии сохтаҳои Пешво лаззат барему дуогӯ бошем.
Ин ҷо мушаххас мехоҳам доир ба фарҳанги шаҳрдорӣ ва маданияти баланди сокини пойтахт будан таваҷҷуҳ намоям. Шояд баъзеҳо шикастани шохаи гуле ё ниҳоле ва андохтани партоверо бар сари роҳи мардум ҷурм ё озори чандон калон тасаввур накунанд ва ин дар назарашон як кори одию муқаррарӣ бинамояд. Воқеан, ин гурӯҳи одамон чунин беадабию харобкориҳоро кори андаку ночиз мешуморанд, зеро бетарафии ҷомеа онҳоро ба чунин хулосабарорӣ водор месозад. Дар ҳақиқат, агар касе кори нописанде анҷом диҳад ва дар айни иҷрои он аз сӯйи одамони атрофаш мавриди сарзаниш қарор гирад ё насиҳате шунавад, дар бораи кори нописанди худ фикр хоҳад кард ва худро барои корҳои хеш масъул дониста, ҷомеаро нозири амалҳои худ мебинад. Бинобар ин, яке аз сабабҳои аслии ба чашм расидани чунин ҳолатҳои ногувори тахриби ободиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ин, пеш аз ҳама, бетарафӣ зоҳир намудани худи шаҳрнишинон ба зуҳуроти манфӣ аст. Яъне, мо мебинем, ки ҳамсояамон дар саргаҳи об партов меандозад, вале ба хотири даргир нашудан бо ӯ, хомӯширо пеша мекунем ва ин ҷабрро ҳам мепазирем, ки аз поёноб аз оби олудакардаи ӯ истифода барем. Ё мебинем, ҳамсояамон берун аз қуттӣ партовро андохту бод онро то дари хонаи мо овард, ё дар рӯи роҳ онро парешон кард, аммо боз ҳам бетарафӣ зоҳир мекунем ва аз болои он гузашта меравем. Ҷойи зикр аст, ки бо нишон додани чунин бетарафӣ мо ойинҳои устувори ҳазорсола ва суннатҳои фарҳангии қадимаи миллиамонро зери по мегузорем. Пешиниёни мо покии зоҳиру ботин, тозагии муҳити зист ва насиҳат ба хатокоронро ба ҳайси як ойини устувор барои ҳусни ҳамсоягӣ ва фарҳанги иҷтимоӣ ба мо мерос мондаанд ва вазифаи инсонии ҳар яки мост, ки ин ойини ҳамзистии оқилонаро дар рӯзгори хеш ҳифз намоем ва ба ояндагон онро бегазанд бирасонем.
Ҷойи таъкиди хос аст, ки ба ин ғамхориҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ҷавонон бояд аҳамияти хоса бидиҳанд. Зеро ин ғамхориҳо барои онҳоест, ки ободиву созандагии давлату миллатро ҳамчун масъулият бар уҳда доранд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо ҳангоми ҳузур дар муҳити иҷтимоӣ, дар боғу гулгаштҳову майдонҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз хиради солим кор намегиранд ва худро дар назди виҷдони хеш ва чашми ҷомеа масъул намешуморанд. Ин тоифа ҷавонони аз ойини шаҳрнишинӣ ноогоҳ шомгоҳон, вақти сайругашт, дар роҳаткурсиҳои боғҳои фароғатӣ нишаста, донаки офтобпараст, қуттиҳои яхмос ва ҳар гуна партовҳои дигарро, ҳатто, дар назди қуттиҳои партов ба рӯи роҳу чаманзор мепартоянд. Ё, баъзан, мебинем, ки аз тирезаи мошинҳо ҳангоми ҳаракат ба канори роҳ зарфҳои обҳои нӯшокӣ берун партофта мешавад... Бояд ёдовар шуд, ки чунин амалҳои ношоиста на танҳо боиси коста шудани ҳусни шаҳру маҳаллаамон мегардад, балки маърифату маданияти шаҳрдории моро низ зери суол мебарад.
Тавре мушоҳида мешавад, аз нисф зиёди партовҳоро дар сари роҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фароғатӣ донаки офтобпараст, қуттию пасмондаи сигор ва зарфҳои нӯшокӣ ташкил медиҳад. Магар мушкил аст, ки мо пасмондаи партови онро дар як халтача ё коғази алоҳида ҷамъ оварда, дар қуттии партови канори роҳ андозем? Кори хеле осон аст, фақат каме масъулият мехоҳад. Ба андешаи коршиносон, касе ки худро одами бомаданият меҳисобад, бояд ба покизагии ҷойҳои ҷамъиятӣ мисли покизагии саҳни ҳавлии худ ва даруни хонааш муносибат намояд.
Бовар кунед, бисёр хушоянд аст, тамошои манзарае, ки шахс аз мошини худ берун мешавад ва халтаи партовро дар ҷойи муқарраршуда ҷой намуда, роҳро идома медиҳад. Бисёр хушам меояд, вақте ки нафаре наврас ё ҷавонеро бо хушмуомилагӣ насиҳат карда, одоби дар ҷойи ҷамъиятӣ чӣ гуна рафтори нек намуданро меомӯзад. Орзу мекунам, ки, пеш аз ҳама, фарзанду наберагони худам одоби шаҳрнишинӣ ва гаштугузор дар ҷойҳои фарҳангӣ ва маърифатиро риоя кунанд.
Барои расидан ба сатҳи баланди маърифату маданияти шаҳрнишинӣ, тарбияро мебояд аз кӯдакӣ оғоз кард. Аз вақте ки кӯдак ба боғча қадам мениҳад, бояд завқи зебоипарастиро дар вуҷудаш бедор сохт. Шахсони бавиҷдону масъулиятшиносе ҳастанд, ки ба авзои ҷамъият бетарафӣ зоҳир намекунанд. Чунин покизасириштон агар дар маконе партови зиёдеро диданд ё сабабгоронашро мушоҳида намуданд, масъулият ва фарҳанги баланди шаҳрдориро фаромӯш накарда, ба сохтори дахлдор хабар медиҳанд ва ё хатокорро ба ислоҳ даъват мекунанд.
Покизагии муҳит танҳо як тарафи фарҳанги шаҳрнишинӣ ба ҳисоб меравад ва паҳлуи дигари он хушии рафтору покизагии гуфтор аст. Ахлоқи ношоиста ва муоширати бади инсонҳо ҳам метавонад муҳити зиндагиро дар шаҳр хароб созад. Агар ифлосиҳои моддӣ тозагии шаҳрро аз байн баранд, зиштии гуфтору кирдор зебоии ҷомеаи инсониро нобуд мекунад. Воқеан, барои дарки амиқи маданият, доштани ахлоқу дониши кофӣ хеле зарур аст ва ин аз хондану бозомӯзӣ кардани ҳар шахс вобастагӣ дорад. Миллати мо бо доштани теъдоди зиёди китобҳои ахлоқӣ аз сарватмандтарин миллатҳои ҷаҳон дар арсаи фарҳангу адаб ба шумор меояд. Бинобар ин, танҳо ба роҳ мондани корҳои маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз заруратҳоест, ки метавонад ин мушкилоти мавҷударо дар ҷомеа ба зудӣ бартараф созад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, моро зарур аст, ки дар самти боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд эҳсос намуда, бо хулқу атвори писандидаи худ номбардори Ватан гардем ва ба ин даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посухи шоиста диҳем: “Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.
Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА, директори Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”