Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 14-уми феврал зимни ҷамъомади тантанавӣ беҳтаринҳои соҳаи варзишро дар соли 2023 эълон карда, ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзиширо ба барандагон тақдим намуд.
Дар маросим ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва варзишгарону мураббиён ширкат карданд.
Ҷоизаи Президенти кишварро дар соли 2023-юм 68 нафар варзишгар ва мураббиёнашон сазовор шуданд. Бо ин мақсад аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1462500 сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла, ғолибони Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс) бо 150 000 сомонӣ (аз ин 30 000 сомонӣ ба мураббиёнашон), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Осиё Темур Раҳимов (ҷудо) бо 100 000 сомонӣ (20 000 сомонӣ ба мураббӣ), барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои Осиё Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс), Ҳақназар Назаров, Хайрандеш Муродзода (кураш) бо 50 000 сомонӣ (10 000 сомонӣ ба мураббиён), барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмонов бо 100 000 сомонӣ (20 000 сомонӣ ба мураббӣ) қадр гардиданд. Дар умум варзишгарони 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, гӯштӣ, қаиқронӣ, варзиши сабук ва кураш бо Ҷоизаи Президенти мамлакат мушарраф шуданд.
Бо натиҷагирии дастовардҳои варзишгарон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов, Давлат Болтаев (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов (ҷудо) беҳтарин варзишгар миёни мардҳо, Миҷгона Самадова (бокс) беҳтарин варзишгар миёни бонувон, Абубакр Шеров (ҷудо) беҳтарин варзишгар миёни ҷавонон, Ёсин Бобокалонов (ҷудо), Фариноз Абдуллоева (бокс), Сомон Турсунзода (ҷиу-ҷитсу) беҳтарин варзишгар миёни наврасон эълон шуданд.
Баҳодур соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон медали биринҷӣ ба даст оварда, дар мусобиқаи бокси касбӣ – “Шоми бокс” дар Душанбе камарбанди “WBO World Youth”-ро сазовор шуд. Медали биринҷии ӯ дар чемпионатҳои ҷаҳон аз рӯи намудҳои олимпии варзиш пас аз 8 сол ба даст омад. Сомон бошад, соли 2023 медалҳои тиллои Бозиҳои Осиё, Гранд-слами Қазоқистон, Гран-прии Душанбе ва медали биринҷии Гранд-слами Тошкентро сазовор гаштааст. Темур Раҳимов соли гузашта дар Бозиҳои Осиё, мусобиқаи “Hungary Masters”, Гранд-слами Қазоқистон ва Гран-прии Душанбе ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Давлат Болтаев дар Бозиҳои Осиё медали тилло, ҳамзамон роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард. Миҷгона низ дар Бозиҳои Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ ва роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 мушарраф шуд. Абубакр Шеров соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон ва Осиё миёни ҷавонон оид ба ҷудо мутаносибан ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ва нуқра даст ёфт. Ёсин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон ба гирифтани медали биринҷӣ ва дар Чемпионати Осиё ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Фариноз низ медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон ва медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардид.
Ҷоизаи беҳтарин мураббии сол насиби Мирзо Шамсиев, Алӣ Бобоҷонов (бокс), Фотеҳ Маҳмадбеков, Суҳроб Абдураҳмонов (ҷудо) гашт. Тими миллии футболи кишвар – беҳтарин дастаи варзишӣ, шаҳри Душанбе – беҳтарин шаҳри варзишӣ, федератсияҳои футбол, ҷудо, бокс, санъати муҳорибаҳои омехта – беҳтарин федератсияи варзишӣ, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ – беҳтарин иншооти варзишӣ, МҶМОВ оид ба бозиҳои даставӣ – беҳтарин мактаби варзишӣ дониста шуданд.
Ҳамчунин, Абдулҳамид Эмомов (варзиши сабук), Ниссора Сафарова (тенниси рӯи миз) ва Аҳмади Фатҳиддин (вазнбардорӣ) ҷоизаи беҳтарин варзишгар миёни варзишгарони имконияташон маҳдудро ба даст оварданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”