Гирдоварии маводи таърихӣ, тарҷумаву тафсири сарчашмаҳо ва таҳқиқи осори илмию фарҳангӣ маҳз ба хотири бузургдошти миллат, тақвияти худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, пос доштан ва зинда кардани тамаддуни оламшумул анҷом мегирад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Яке аз вазифаҳои асосии осорхонаҳо ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии онҳо мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ёдгориҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: ёдгориҳои манқул ва ёдгориҳои ғайриманқул.
Ёдгориҳои манқул иборатанд аз объектҳои алоҳида: бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи қадимӣ, унсурҳои ба ҷузъҳо тақсимшавандаи ёдгориҳои ғайриманқул, маводи антропологӣ ва этнологӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеии (мусаввараҳо, қаламкориҳо, санъати амалӣ, синамо ва суратҳо) маҳфуз дар осорхонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фондҳо, китобхонаҳо, ганҷинаҳо, коллексияҳо, асноди шомили фонди миллии бойгонӣ – дастнависҳо, чопи мошинӣ, осори қаламӣ, асноди филмӣ ва аккосишуда, осори тасвирию савтӣ, нашрияҳои нодир, ҳамчунин, забонҳо ва номҳои ҷуғрофии таърихӣ.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент” тули шасту панҷ соли фаъолият ҳамчун муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ корҳои густурдаеро анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Фаъолияти Осорхона дар даврони истиқлоли давлатӣ низ пурсамар буда, имрӯзҳо ҳам маъмурият ва кормандони он ҷиҳати омӯзишу пажӯҳиши ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ ва мустанад кардани фарзияҳои илмии марбут ба онҳо бо ҷиддият талош меварзанд.
Тули зиёда аз сию ду соли соҳибистиқилолӣ ба фонди Осорхона ҳудуди 1285-то ашёи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ бо тариқи комиссияи хариди фондӣ дохил шудааст. Аз байни бозёфтҳои бостоншиносӣ ва ашёи қадимӣ, 700-тоаш арзиши махсуси таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад. Ҳамчунин, солҳои 2000-2024 коллексияҳои зарфҳои сафолӣ, сиккаҳо, либос, зебу зинат, осори хаттӣ аз ҷониби кормандон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, оид ба онҳо ва дигар ашёи маҳфузбуда тавассути матбуоти даврӣ мақолаҳо нашр гардиданд.
Ҳамзамон, дар самти ҳуҷҷатикунонӣ феҳрасти ашёи осорхонавӣ, феҳрасти осори хаттӣ, дастурамалҳо, мақолаҳои илмию оммавӣ таҳияву нашр гаштанд. Илова бар ин, барои муаррифӣ ва тарғиби коллексияҳову ашёи алоҳида брошюраҳо, буклетҳо, ахбори осорхона, маҷалла оид ба саҳми ҷавонон дар ҷомеа, рушди варзиш, ҳунармандон, тандурустӣ ва ғайра ба табъ расид, ки аз онҳо маводи марбут ба хориҷиён ба забонҳои англисӣ ва русӣ низ чоп шуданд.
Осорхона ба ғайр аз ҳифзи коллексияҳои ба фонди он воридгашта, инчунин, бо дорандагони коллексияҳои шахсӣ ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла, коллексияҳои шахсии олими ҷавон Нақибхон Шарифов, ки дорои беш аз 300-то ашёи арзиши зеҳнӣ: китобу рисолаҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар ашёи дорои аҳамияти осорхонавӣ мебошад, ба хона-музей табдил дода шуд, ки то ҳол фаъолият дорад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи ҷумҳуриявии ҷамъоварӣ, пажӯҳиш ва таблиғи мероси таърихиву фарҳангӣ ва маркази муҳими илмӣ рушд ёфта, дар ҳифзу муаррифии миқдори зиёду гуногуни ашёи осорхонавии давраҳои мухталифи таърихӣ нақши арзанда мегузорад. Ин ашёҳо инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯза буда, аз маънавиёти баланд ва табъу завқи вижа, тарзи рӯзгордориву ҳунарҳои мардумии халқамон дарак медиҳанд, ки аз наслҳои бостон ба мо омада расидаанд.
Маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки ҳамкориҳои кишварамон бо давлатҳои хориҷа тавсеа ёфта, байни мутахассисони тоҷику хориҷӣ табодули донишу таҷриба сурат гирад. Инчунин, ҳамасола сайёҳони зиёде аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон сафар намуда, дар қатори дигар объектҳои табииву таърихӣ ва фароғатӣ маҳз ба Осорхона ташриф меоранд. Ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки бевосита ба таъриху фарҳанги бойи гузаштагонамон ва дастовардҳои замони истиқлоли мамлакатамон аз наздик шинос гашта, аз он маълумоти ҷолиб ва таассуроти баланд бардоранд.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент”