Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии CMS COP14 дар Самарқанд мулоқоти вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода баргузор гардид.
– Тоҷикистон ҷонибдори беҳбуди муколамаи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо манфиатдорем, ки дар Осиёи Марказӣ як минтақаи муҳофизати фаромарзӣ дар манотиқи марзии кишварҳоямон таъсис дода шавад, – гуфт дар мулоқот Баҳодур Шерализода.
Ӯ илова намуд, ки пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мамолики дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Ёддошти тафоҳуми Raptors хеле муҳим мебошад.
Қобили зикр аст, ки Raptors як Ёддошти тафоҳуми CMS оид ба ҳифзи муҳоҷирати парандагон дар Африқо ва Авруосиё буда, ҳадафи он ҳавасманд кардани амалҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мебошад. Инчунин, он яке аз ҳуҷҷатҳои кории Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS) аст.
А. Абдуҳакимов ба ҳамтои тоҷики худ барои иштирок дар Конфронси 14-уми ҷонибҳои Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ изҳори сипос намуд. Ба гуфтаи вазири экологияи Ӯзбекистон, аз соли 2018 дар кишвараш барномаи барқарорсозии ҷангал дар минтақаи хушкидаи баҳри Арал бо масоҳати умумии 2 миллион гектар амалӣ мегардад. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳамасола тақрибан 200 миллион ниҳол шинонда шуда, майдони сабз то 30 фоиз зиёд карда мешавад.
– Мо сиёсати фаъолонаи васеъ намудани шабакаи ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаро пеш мебарем, ки масоҳати онҳо дар солҳои охир ба 14 фоизи тамоми қаламрави ҷумҳурӣ расонда шуд. Итминон дорем, ки ин талошҳо ба ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи СММ оид ба барқарорсозии системаҳои экологӣ мувофиқат мекунанд, – гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ба таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. А. Абдуҳакимов зикр кард, ки ифтитоҳи дафтари Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) дар Ӯзбекистон дар таҳияи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳо оид ба идоракунии объектҳои фаромарзӣ нақши муҳим дорад.
Дар поёни мулоқоти вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода тавофуқ ҳосил шуд, ки тавассути ҳамкорӣ дар самти таъмини вазъи мусоиди экологии минтақа муштаракан талоши бештар ба харҷ хоҳанд дод.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Самарқанд