Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Россия сафар намуданд.
Давлаталӣ Саид ва сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Москва бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия мулоқот анҷом дода, ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят муколама намуданд. Ҳадафи дигари мулоқот гузарондани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз аҳволу вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид.
Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону Россия бомуваффақият густариш меёбад ва мулоқотҳои мунтазами сарварони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкории судманд заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардондани Ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кор саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Соҳибкорони тоҷики муқими Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактаб ва боғчаҳои кӯдакона, саҳмгузорӣ менамоянд.
Раиси вилоят ёдовар шуд, ки дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна, пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полизӣ, инчунин, беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад. Саноати вилоятро ҳудуди 821 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Боиси зикр аст, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани худ равона карда истодаанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
"ҶУМҲУРИЯТ"