Иосиф Самуилович Брагинский яке аз пажӯҳишгарони бузургест, ки дар тадқиқу тарғиби адабиёти тоҷик хидмати мондагореро сомон дод. Ӯ на танҳо бо пажӯҳиш ва омӯзиши фарҳангу тамаддуни мо машғул шуд, балки ба Тоҷикистон омада, дар мансабҳои гуногун ифои вазифа кардааст. Аз ҷумла, аз соли 1933 то 1940 роҳбари сиёсии совхози “Данғара” буд ва ҳанӯз ҳам мардуми ин ноҳия Брагинскийро ҳамчун фарзанди худ хубу шоиста дар ёд доранд.
ЗИНДАГИНОМАИ ПАЖӮҲИШГАР
Иосиф Брагинский соли 1905 дар Боку ба дунё омада, Институти шарқшиносии ба номи Н. Наримонови Москваро соли 1931 хатм кард. Ӯ дар пажӯҳиш ва тарҷумаи осори классикони адабиёти тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ саҳми сазовор дорад. Бештари тадқиқоти ӯ сари эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ сурат гирифта, “Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ”, “Садриддин Айнӣ» (Ба пешвози 100-умин солгард) бо ҳамқаламии М. Осимӣ, “Очеркҳо аз таърихи адабиёти тоҷик”, "Аз таърихи адабиёти тоҷику форс", "Масъалаҳои шарқшиносӣ", “Дувоздаҳ миниатюра”, “Аз Авесто то Айнӣ” аз ҷумлаи онҳост. Брагинский бо устод Садриддин Айнӣ дар масъалаи таъини ҳиссаи халқи тоҷик ба мероси адабиёти классикии форс-тоҷик шарик буд. Маҳз ӯ ифодаи устод Айнӣ “забон ва адабиёти классикии форс-тоҷик”-ро пазируфт ва дар илм ҷорӣ кард.
Брагинский, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1955), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1955), дӯсти садоқатварзи тоҷикон ва инсони хубу шоистае буд, соли 1986 аз ҷаҳон даргузашт.
АЗ СОҲАИ ҲАРБӢ БА ИЛМ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ Брагинский таърихи адабиёти тоҷику форс, фолклор, шарқшиносӣ, таърихнигорӣ бошад ҳам, ӯ дар аввал роҳбари шуъбаи сарраёсати сиёсии Артиши Шуравӣ ва Флоти баҳрӣ-ҳарбӣ (1940-1952) буд. Муддате дар Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи А.М. Горкий ҳам фаъолият дошт.
Сафарбеки Солеҳ, коргардон ва филмноманавис бо Брагинский дар бораи чи гуна аз соҳаи ҳарбӣ ба илм пайваст, суҳбате дошт, ки хулосааш ин аст: «Ман як низомӣ будам, дар хадамоти махсус фаъолият мекардам, кори ман ҷанг буд, аммо дидам, ки дар канораш чизҳои ҷолибтар аз ин ҳаст ва рафтам дунболи корҳои таҳқиқотӣ, аммо кори аслиамро ҳам то вақте имкону фурсат доштам, анҷом медодам».
ХИДМАТҲОИ ШОИСТА
Ҳангоми фаъолият дар ноҳияи Данғара Брагинский ба адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик, бавижа гурӯғлихонон дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, махсусан Данғара, таваҷҷуҳ дошт. Маводро барои асарҳояш оид ба эҷодиёти шифоҳии тоҷикон ва адабиёти классикии тоҷику форс ҳамин солҳо ҷамъ овард.
Дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ гурӯҳе ташкил шуд, ки таҳқиқи насри классикии форсӣ-тоҷикӣ ҳадафаш буд. Роҳбарии онро профессор И. С. Брагинский ба уҳда дошт. Гурӯҳ чандин асари насри классикӣ, аз ҷумла «Синбоднома»-и Заҳирӣ, «Ҳотами Той», «Самаки айёр», «Шоҳнома»-и мансури қиссахонҳо, «Ҷомеъулҳикоёт»-ро ба табъ расонд.
Соли 1977 асари шарқшинос Брагинский бо номи «Исследования по таджикской культуре» дар шаҳри Москва нашр шуд. Муаллиф дар китоб натиҷаҳои таҳқиқотҳои омӯзишиашро дар бораи фарҳанги халқи тоҷик ва рушди адабиёти он, аҳамияти ҷаҳонии фарҳанги тоҷикон, урфу одати халқҳои шарқ ва ғайра гирд овардааст.
Беш аз 400 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳову рисолаҳояш ба табъ расидаанд. Яке аз корҳои муҳими солҳои 40-уми асри ХХ иҷронамудаи Брагинский, иштирокаш дар таълифи китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» мебошад. Бештари китобу мақолаҳои Брагинский бо мақсади тарғибу ташвиқ ва шиносондани хонандагони русзабон (дар Иттиҳоди Шуравӣ) буд.
Брагинский дар таҳриру тадвини «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилдҳои 1-2, 1956, 1957) ва тарҷумаи русии ҳамин китоб (дар як ҷилд, 1961) ширкат дошт. Яке аз муҳаррирон ва мушовирони «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»