ТАСС. Мақомоти Фаронса вазъи камбуди обро дар саросари кишвар ба далели хушксолӣ омӯхта, барои истеъмоли он дар ҳама минтақаҳое, ки зарур аст, маҳдудият ҷорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора вазири экология ва воҳиди ҳудудӣ Кристоф Бешу хабар дод.
Мир 24. Мактаббачагони чеченӣ бо нишон додани баҳои «панҷ» дар рӯзномаи худ акнун метавонанд дар нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон сафар намоянд. Ҳамин тавр, Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ қарор дод, ки хонандагонро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд ҳавасманд намояд.
Мир24. Ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи ғайринавбатии вакилони Маҷлиси Парлумони Қазоқистон ва ситоди интихобот ба мониторинги маъракаи интихоботӣ шуруъ карданд.
Роҳбари ҳайат Леонид Анфимов бо раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурлан Абдиров мулоқот карда, масъалаҳои марбут ба интихоботи дарпешистодаро баррасӣ намуданд.
ТАСС. Вазирони корҳои хориҷии Россия ва Озарбойҷон Сергей Лавров ва Ҷайҳун Байрамов дар Боку рушди лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ ва нишондодҳои хуби иқтисодиро дар соли рафта алоҳида зикр карданд.
Мир24. Рӯзномаи “Hurriyet” бо истинод ба Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия менависад, ки теъдоди фавтидагони заминларзаи мудҳиш дар кишвар аз 45 ҳазор нафар гузашт.