Ҳофиз Табаров аз зумраи онҳоест, ки дар рушду пешрафти санъату фарҳанги ҷумҳурӣ нақши босазо гузоштаанд. Вай баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 205-и ноҳияи Рӯдакӣ ибтидо ба Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи мазкур (Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурии ба номи П. Буйдоқов) дохил шуда, онро соли 1983 хатм намуда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома бахшидааст. Фаъолияти худро ба сифати мудири клуби деҳоти Роҳатии ноҳия шуруъ карда, аз соли 1988 то соли 1995 роҳбари бадеии Хонаи маданияти ҷамоат кор кардааст.
Солҳои ҷангҳои дохилӣ минтақаи Роҳатӣ яке аз нуқтаҳои доғ ва хатарнок ба шумор мерафт. Ӯ дар радифи як идда зиёиёни сарсупурдаи ҷамоат, новобаста аз таҳдиду таъқиботи саркардагони гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, баҳри ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, консерту саҳнаҳои пурмуҳтаво, дар ҳамкорӣ бо омӯзгорону устодон ва хонандагони муассисаҳои таълимии қаламрави ҷамоат ҷаҳду талош ва азм менамуд. Ҳамзамон, бо ба роҳ мондани тадбирҳои фарҳангӣ дар байни солҳои 1995 – 2008 ба тариқи гузариш ҳамчун хазинадор – ҳисобчии ҷамоат фаъолият намуда, дар иҷрои нақшаҳои андоз саҳм мегузошт. Ба вазъи ноороми ҳудуди ҷамоат нигоҳ накарда, дар ташкил ва баргузории интихоботи вакилони маҳаллию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ҳайси аъзову котиби ҳавзаҳои интихоботӣ ширкати фаъолона намуда, дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумату давлат пешгому намуна буд. Иштироки муташаккилонаи номбурда ҳамчун мубаллиғи ғояҳои созандаи давлати соҳибистиқлол дар он низ зоҳир мегардид, ки вай дар маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ (се маротиба) садоқату ташаббус нишон додааст. Соли 2008 ба вазифаи раиси танзими ҷашну маросим дар ҷамоат баргузиданд, ки дар ин мақом то соли 2010 кор кард. Соли 2010, дафъатан вазифаи роҳбари бадеии Хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Роҳатиро ба зиммааш гузоштанд. Мавсуф бо ҳунару қобилияти баланд дар чорабиниҳои ҷашнӣ аҳли санъату фарҳанги деҳоти ҷамоатро сафарбар менамуд ва дар озмунҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ кормандони Хонаи фарҳанг бо ҳунарнамоии худ соҳиби ҷойҳои намоён мегардиданд. Феълан Ҳ. Табаров бо мактаббачагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат машғулият гузаронда, ба онҳо дар масъалаи аз худ кардану навохтани созҳои миллӣ кумак мерасонад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
рӯзноманигор