Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тулонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак», таъкид сохта, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён доштанд.