17-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа, ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос вазири варзиш ва ҷавонони Қатар Шайх Ҳамад бин Аҳмад оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.