Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570, тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шавад, аз ҷумла:
- дар соли 2024 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2025 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2026 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
2. Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағҳои буҷетии дар соли 2024 пешбинишуда таъмин карда, маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2025-2026 пешбинӣ намояд.
4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 феврали соли 2024, №73
Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 (минбаъд - Қоидаҳои мазкур) бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии ҳунармандон таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, тартиби қабул ва баррасии дархост, ҷудо намудани грантҳо, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.
2. Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 (минбаъд - Грант) бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда мешавад.
3. Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.
2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ГРАНТӢ
4. Бо мақсади амалисозии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ (минбаъд - Комиссия) таъсис дода мешавад.
5. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Комиссия дар фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
6. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда, вазир Комиссияро роҳбарӣ мекунад.
7. Комиссия ба муддати як сол таъсис дода мешавад.
8. Фаъолияти Комиссия мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад.
9. Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;
- вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо квотаҳо ҷудо менамояд;
- ғолибони озмунро муайян мекунад.
3. ТАРТИБИ ҚАБУЛ ВА ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО
10. Байни Вазорат ва ҳунарманд, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи дуҷониба оид ба амалигардонии лоиҳаи грантӣ ба имзо расонида мешавад. Дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
11. Тартиби қабул, ба расмият даровардани дархостҳо аз рӯйи номгӯйи ҳуҷҷатҳои воридшуда тибқи замимаи Қоидаҳои мазкур ба роҳ монда мешавад. Дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо танҳо бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. Дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун дар муҳлати як моҳ пешниҳод карда мешаванд. Дархостҳоро Комиссия қабул менамояд.
12. Маълумоти зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби Вазорат дар воситаҳои ахбори омма эълон карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лоиҳаи Грантие, ки ба озмун пешниҳод шудаанд, баргардонида намешаванд.
13. Котиби Комиссия дархостҳоро барои иштирок дар озмун ба Комиссия пешниҳод менамояд. Комиссия дар давоми як моҳ дархостҳоро тибқи Қоидаҳои мазкур баррасӣ менамояд.
14. Дархостҳое, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда нашудаанд, дар муҳлати як моҳ аз ҷониби Комиссия бо зикри сабабҳои баррасӣ нагаштани лоиҳа ба дархостдиҳанда расман (хаттӣ) баргардонида мешавад.
15. Маблағи грант барои пардохти маблағи сохтмон, таъмири бино, музди меҳнат ва пардохти андоз пешбинӣ карда намешавад.
16. Ҳунарманд бояд макони фаъолияти худро дар лоиҳааш дақиқан дарҷ намояд. Дар сурати ивази макони фаъолият бояд ба таври хаттӣ ба Вазорат маълумот пешниҳод намояд.
4. ТАРТИБИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО
17. Грантҳо дар асоси озмун аз тарафи Комиссия ҷудо карда мешаванд.
18. Ҳар сол танҳо 20 лоиҳаи грантӣ мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва чорабиниҳои банақшагирифташуда маблағгузорӣ мегардад.
5. МУҲЛАТИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ ГРАНТӢ
19. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳаи грантӣ шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудогардида фаъолияти лоиҳа доир ба амалишавӣ боздошта мешавад.
20. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа Вазорат метавонад дар асоси муроҷиати хаттии ҳунарманд муҳлати амалигардонии онро то 6 (шаш) моҳ тамдид намояд.
6. МОНИТОРИНГИ РАВАНДИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ ГРАНТӢ ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
21. Бо мақсади назорати амалигардонии самараноки лоиҳаҳои грантӣ аз ҷониби Вазорат мониторинги фосилавӣ ва ҷамъбастӣ гузаронда мешавад.
22. Аудити молиявии хароҷоти мақсадноки ҳар як гранти ҷудошуда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
23. Дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ва ё амалӣ нагардидани лоиҳаи грантӣ, маблағ пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида шуда, ҳунарманд минбаъд аз ҳуқуқи иштирок дар озмун маҳрум карда мешавад.
24. Грантгирандагон дар муҳлати на дертар аз як моҳ пас аз татбиқи пурраи лоиҳаи грантӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Замима
ба Қоидаҳои ҷудо намудани гранти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои дастгирии ҳунармандон ва
рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда
барои иштирок дар озмуни грантҳо:
- ариза ба унвони раиси Комиссия;
- маълумот дар бораи ҳунарманд;
- нусхаи шиноснома;
- 2 дона акси 3x4;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз маҳали истиқомат;
- ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад;
- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад.
ШАРҲИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАСТГИРИИ ҲУНАРМАНДОН ВА РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР СОЛҲОИ 2024-2026»
Соҳаи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол ба сол рушд меёбад.
Ҷиҳати роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани рушди он солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ташаккул ва дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ шуд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод гашт.
Дар робита ба ин, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид.
Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона шуда, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳунармандон туҳфаи арзанда ва муносиб ба ҳисоб меравад.
Тибқи қарори мазкур, дар солҳои 2024-2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад, аз ҷумла:
- дар соли 2024 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2025 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- дар соли 2026 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд.
Барои иҷро ва амалисозии қарори мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ таъсис дода мешавад.