ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БА ЯК ҲАЗОРУ 300 ҚАРОРИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ЭЪТИРОЗ ОВАРД
Соли 2023 ба мақомоти прокуратура 40 ҳазору 356 муроҷиат ворид гардида, ҳуқуқу манфиатҳои 260 ҳазор шаҳрванд ҳифз шуданд. Дар ҳамин давра ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мақомоти прокуратура 46 ҳазору 590 санади эътиноӣ баровард. Аз ҷумла, ба 1 ҳазору 300 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда, 17 ҳазору 863 гектар қитъаи замини ғасбшуда ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки дар давраи ҳисоботӣ 4000 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 59 ҳазору 267 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашиданд. Аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура 1,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 461,3 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гашт. Дар натиҷаи анҷом додани тадбирҳои зарурӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шумораи ҷиноятҳо назар ба соли 2022 камтар сабт гардид.
Комрон САФАР
СУДИ ОЛӢ
Дар соли 2023-юм 137950 парванда баррасӣ гардид
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо, дар маҷмуъ, 137950 парванда баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли пешин 1965-то зиёд мебошад.
Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 13085 парвандаи маданӣ, 45442 парвандаи оилавӣ, 11347 парвандаи ҷиноятӣ, 45449 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 7895 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 7191 пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор мебошанд.
– Соли гузашта судҳо зарари ба давлат расондашударо аз рӯи ҳама намуди парвандаҳо ба маблағи 214 миллиону 76 ҳазору 512 сомонӣ рӯёнда, ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронданд, – гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ВКХ
Нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳалли масоили экологӣ дар ҷаҳон меафзояд
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-рӯйдоди муҳими марҳалаи ҳисоботӣ на танҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки аз оғоз бо ибтикори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шоҳигарии Нидерланд тарҳрезӣ шуда, 22-24-уми марти соли 2023 бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид.
Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Таъкид гардид, ки Вазорат ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), аз ҷумла ташкили Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13-уми июни соли 2024 доир мешавад ва татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, омодагии ҷиддӣ мебинад.
– Зимнан, даъвати Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешниҳодҳои созанда ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти обу иқлим, ки аз умдатарин масъалаҳои глобалӣ ба шумор мераванд, инчунин, доир намудани намоишгоҳу чорабиниҳои фарҳангии бозгӯи таъриху тамаддуни антиқии миллати тоҷик дар Ню-Йорк, бе баҳс боиси боз ҳам болоравии обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Комрон САФАР
ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
ИҶРОИ НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ БА МАБЛАҒИ 43,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ
Дар иртибот ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ, бо назардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти буҷетӣ, соли рафта ба 43,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи нишондиҳандаҳо 103,5 дарсад таъмин гардид. Воридоти маблағҳо ба 28,6 миллиард сомонӣ расид, ки аз нақша ду миллиард сомонӣ зиёд аст.
Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, дар ин давра аз ҳисоби даромади дохилӣ тавассути Кумитаи андоз ба буҷети давлатӣ 17,7 миллиард сомонӣ дохил шуд, ки назар ба нақшаи 650 миллион сомонӣ зиёд аст. Инчунин, аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 9,1 миллиард сомонӣ ба буҷет интиқол ёфт.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ 130,8 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он ба 8,3 дарсад баробар гашт. Дар ин давра рушд, асосан, аз ҳисоби истеҳсоли соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати истихроҷ, коркард, таъмини неруи барқ, газ, буғ, гардиши бор, мусофирон, кишоварзӣ, сохтмон, савдои хориҷӣ ва хизматрасонии пулакӣ, дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ таъмин гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 8328,9 миллион доллари ИМА баробар шуд.
Кароматулло АТО
ХАТЛОН
Соли гузашта 119 корхонаю коргоҳҳои нав таъсис ёфт
Зимни нишасти матбуотии вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилоят, зикр кард, ки аҳли заҳмат дар натиҷаи тадбирандешиҳои оқилона қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.
Мавсуф афзуд, ки соли сипаригардида нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 36 миллиард 64,7 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз мебошад.
Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ 503,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 232,9 миллион доллар расида, воридоти мол 270,6 миллион доллар аст.
Дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 1 миллиард 36 миллион доллар мерасад. Ба вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Соли рафта дар вилоят 71512 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки нисбат ба дурнамои солона 115,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар 119 корхонаю коргоҳи навтаъсиси соҳаи саноат 879 ҷойи кор муҳайё гардид.
– Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёди 6260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар 2405-тои онҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, – иброз дошт Музаффар Мирзозода.
Зокир ҲАСАН
КОРРУПСИЯ
261 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд
Мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 248 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, ба маблағи 265,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуда, 261,4 миллион сомониро ба манфиати давлат барқарор кард.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ҳамчунин, кормандони Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо 1157 вохӯрӣ гузаронда, тавассути ВАО 84 маротиба баромад намуда, 5 конфронс, 6 нишасти матбуотӣ ва 84 мизи мудаввару семинарҳо доир карданд.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
Нақшаи бунёди 124 иншооти ҷашнӣ дар Лахш
Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногунро дар нақша дорем, ки то имрӯз 35 иншооташ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар иншооти боқӣ сохтмон идома дошта, то ин рӯзи таърихӣ ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.
Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳияи Лахш бо бахши хусусӣ ба маблағи 9,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 11 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, 92 ҳазору 817 тонна картошка истеҳсол ва 60 ҳазор тоннаи он ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид шуд. Соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 434,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 23,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гулнисои САЪДОНШО
Рустам ҒАНИЕВ: "Хатмкунандагони филиал бо кор таъмин мешаванд"
Рустам Ғаниев, директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, гуфт ки соли гузашта аз 90 хатмкардаи мо 59 нафар дар вазорату идораҳои мамлакат ба фаъолият шуруъ намуд. 14 каси дигар ба магистратура дохил шуд. Бо изҳори ин нукта Р. Ғаниев илова кард, ки хатмкардагон барои дарёфти ҷойи кор мушкилӣ намекашанд, зеро барномаи таълимии филиал мувофиқи талаботи Стандартҳои федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм (СФДТО 3++) амалӣ мегардад ва ба мутахассисони онҳо дар бозори меҳнат талабот зиёд аст.
Ҳамчунин, барои такмили дониши донишҷӯён дар филиал шакли таҳсили фарогир ба роҳ монда шудааст ва он имкон медиҳад, ки ҳар сол то сӣ нафар барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Москва фиристода шавад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Робитаҳои байналмилалии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ тавсеа меёбанд
Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» бо 11 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкориро дар самти таҳсилот, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тиб ба роҳ мондааст.
Дар ин бора Зарина Ибодзода, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, зимни нишасти хабарӣ маълумот дода, дар шарҳи он гуфт, ки ин нисбат ба соли гузашта 8 муассиса зиёд мебошад.
– Хушбахтона, баъди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, сол ба сол шумораи донишҷӯён аз дигар кишварҳо зиёд шуда истодааст. Айни замон донишҷӯёни хориҷӣ 71 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 36 нафар зиёд мебошад, – гуфт Зарина Ибодзода.
Инчунин, аз ҷониби омӯзгорони Донишкада даҳ дастури таълимӣ-методӣ ва 30 маҷмуаи таълимии методии фанҳо омода шуданд.
Лола РИЗОӢ
«ИСТИХРОҶИ МАЪДАН»
Ихтисоси наве, ки барои рушди саноат мутахассис омода мекунад
Дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки пеш аз ҳама, ба рушди саноат, бахусус истихроҷи маъдан ва металлургӣ нигаронда шудааст ва зарурати афзоиши талабот ба мутахассисони ин соҳаро тақозо мекунад, аз соли равон ихтисоси «Истихроҷи маъдан» ба роҳ монда шуд.
Ин нуктаро дар нишасти хабарӣ Муъминҷон Ҷӯраев, ректори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Институти пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе, иттилоъ дода, дар шарҳи он гуфт, ки дар назар аст, моҳи майи соли равон дар назди филиал Маркази омӯзиши калонсолон низ фаъолияти худро оғоз намояд.
Ректор зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ ягона Донишгоҳи онҳо кадрҳои муҳандисӣ ва технологиро барои соҳаи саноат, аз ҷумла маъдану металлургӣ, омода месозад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳо бозоргир буда, барои таъмини ҷойи кори холӣ дар ин самт мусоидат мекунанд.
Лола РИЗОӢ