Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ҳамоно дар ҳаёти аҳли башар аз масъалаҳои бисёр ташвишовар боқӣ мемонад, зеро он дар доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон ба назар мерасад. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва амали ғайриқонунӣ ҳамеша дар мубориза аст, мутаассифона то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чи дар давлатҳои рӯ ба инкишоф коррупсия пурра аз байн нарафтааст. Ин зуҳурот ба унвони вабои аср, дар ҳар шакле набошад боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад.
Тавре ба мо маълум аст, баъд аз касби истиқлоли давлатӣ дар қатори дигар мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, дар оғози давлатдории навини миллӣ мубориза бо ин зуҳурот тақвият ёфта, бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8-уми сентябри соли 1997 зимни суханронӣ ба муносибати рӯзи истиқлоли давлатӣ бо ишора ба ин масъала мавқеи Ҳукумат дар мубориза бо коррупсияро чунин баён намуда буданд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ гузашт нанамоем”.
Дар идомаи чораҳои амалӣ вобаста ба ин масъала фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999 таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999 қабул гардид, ки заминаҳои сифатан нави муқовимат бо ин зуҳуроти харобиоварро фароҳам кард.
Дар заминаи чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионӣ, як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Ҳоло бо мақсади аз байн бурдани коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда, зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ амал менамояд. Гузашта аз ин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки дар низоми судии кишвар ҷиҳати иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла, баҳри пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, беҳтар намудани самти амалишавии адолати судии беғараз, таъмин намудани шаффофият ҳангоми баррасии парвандаҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳарчанд, бо вуҷуди тадбирҳои анҷомшуда, сатҳи коррупсия дар ҷомеаи мо ба таври назаррас коҳиш наёфтааст, вале идомаи кӯшишҳои якҷоя метавонанд дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оранд. Бинобар ин, зарур аст, ки барои коҳиш додани сатҳи ин зуҳуроти нангин аз омилҳое чун муқовимати дастаҷамъӣ, баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолсозии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо коррупсия фаровон истифода намоем.
Ш. БОБОЕВА,
ёрдамчии муовини раиси
Суди конститутсионӣ,
Ш. СОДИҚОВА,
мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ