Ба маълумоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар 652 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 16 дарсад кам мебошад. Аз муҳоҷирони ба хориҷа сафаркарда 627028 нафар ба Россия рост меояд. Бозгашти муҳоҷирон дар ин муддат қариб 591 ҳазор зиёд мебошад.
ТАЪМИНИ ҚАРИБ 73 000 НАФАР БО ҶОЙИ КОР
Ба маълумоти пешниҳодгардида, соли сипаришуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 142254 шаҳрванд барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуд, ки 106579 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй сабти ном гашт ва ба 60305 кас расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар ин давра тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ, 72798 нафар дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт. Дар асоси шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот, 6261 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашта, 20700 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълимии касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд. Самти дигари фаъолият таъину пардохти ёрипулӣ ба бекорон мебошад. Дар зарфи як сол, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, 15714 кас ёрипулӣ барои давраи бекорӣ гирифт.
3646 СОМОНӢ МУЗДИ МЕҲНАТИ АЗ ҲАМА БАЛАНД
Музди меҳнати аз ҳама баланди соли гузашта дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок беш аз 3646 сомонӣ, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 3634, сохтмон беш аз 3 ҳазор, маориф 1645 ва дар соҳаи тандурустӣ 1344 сомониро ташкил дод. Гулнора Ҳасанзода гуфт, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, соли рафта дар ҷумҳурӣ 2013,11 сомониро ташкил кард, ки назар ба соли пешӣ қариб 252 сомонӣ зиёд мебошад. Камтарин музди меҳнат дар ин давра дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ рост омад, ки 811 сомониро ташкил медиҳад.
ҶАЛБИ 217,9 ҲАЗОР НАФАР БА КАСБОМӮЗӢ
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 217,9 ҳазор кас ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки аз нишондоди дурнамои Барномаи ба касбомӯзӣ фарогирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар соли гузашта 15,3 дарсад бештар мебошад. Аз ин ҳисоб, дар муассисаҳои таълимии фаъолиятдошта 93,3 ҳазор кас ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ, тартиби амалисозӣ, инчунин, расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.
СОЛИ 2025 ТОҶИКИСТОН БА КОРЕЯ ҚУВВАИ КОРӢ ИНТИҚОЛ МЕДИҲАД
Интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2025, баъди ба имзо расондани Ёддошти тафоҳум дар бораи низоми иҷозаи байниҳукуматии шуғл ва ифтитоҳи Маркази маҳаллии низоми Employment Permit System (EPS) амалӣ мешавад. Соли рафта талошҳои Вазорат ҷиҳати ворид шудан ба низоми Employment Permit System (EPS)-и Ҷумҳурии Корея идома ёфта, тибқи талабот, ба саволномаи ҷониби Корея маълумоти муфассал ва дақиқ пешниҳод шуд. Баъди баррасӣ коршиносони Корея бо мақсади омӯзиши низоми муҳоҷирати Тоҷикистон ва гирифтани ҷавобҳои мушаххас ба саволҳояшон ду маротиба ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти муассисаю сохторҳои марбута аз наздик шинос шуданд. 29-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун давлати 17-ум интихоб шуд, ки дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ дастоварди сол аст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»