Марги хунёгару овозхони маъруфу нотакрор, муаррифгари миллати соҳибтамаддуну қадимӣ дар арсаи олам, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ устод Давлатманд Холов ба қавли Одамушшуаро коре хурд нест (Марги чунин хоҷа на корест хурд). Оре, агар ҳам 74 сол дошт ва он як амрест муқаррарӣ.
Бо реҳлаташ аз ин дунё ҳама ҷигарҳо хун шуданд. Бештару беҳтар дарк карданд, ки чи маҳбубияте дар дохил ва хориҷи кишвар ин нобиғаи мусиқӣ дошту дорад.
Ӯ асолати мусиқии тоҷикиро на танҳо зинда нигоҳ дошту барои дӯстдорони ҳунар дар дунё тарғибу ташвиқ намуд, балки онро бо навгониҳо ривоҷ доду ҳусну таровати дигар бахшид.
Ӯ собит сохт, ки мусиқӣ танҳо зодаи дарду эҳсос, шодиву нишот нест, балки нафаре, ки истеъдоди модарзодӣ дорад, онро аз даввори чарх мегирад. Пеш аз он ки бигирад, мебинад, мешунавад ва ба тамоми ҷисму руҳаш ворид месозад. Ба қавли Мавлоно:
Пас ҳакимон гуфтаанд ин лаҳнҳо
Аз даввори чарх бигрифтем мо.
Дар мусиқӣ, фаҳму навозиши он ҳеҷ кас чун ӯ зеҳни гирову бурову дарккунанда надошт.
Ӯ ҳамаи созҳои дунёро: чи миллӣ ва чи аврупоӣ дар сатҳи баланди ҳирфавӣ менавохт. Ин қудрату тавоноияш аз ҷониби ҳунаршиносони дунё низ эътироф шудааст.
Ӯ дар овозхонӣ, кашиши тулонии овоз собит сохт, ки як инсони ҳунари модарзодӣ дошта чи неруе бузургро молик шуда метавонад.
Руҳи шеърро: чи муосир ва чи классикиро ба хубӣ дарку эҳсос менамуд. Шеърҳоро бо оҳангҳои ба онҳо эҷоднамудааш ва тарзи хонишаш умри дубора мебахшид. Аз онҳо ба эҳсосу хиради бузургони миллати мо роҳ бурданро осонтар ва ҳам марғубтар менамуд.
Кашфу пажӯҳиши ин ҳама коре осон нест. Донандагони илми мусиқӣ ӯро, эҷодашро, навозишу хонишашро шинохтанд ва дар мавриди онҳо рисолаҳо таълиф карданду ҳимоя намуданд.
Замоне, ки ба ашъори шоирони муосири миллат оҳанг мебасту онҳоро тараннум менамуд, бархе ин орзуро доштанд, ки ба ашъори адибони классикиамон низ рӯ биёрад ва оҳангҳои асилу мондагорро эҷод бинамояд. Гӯиё ин ҳамаро дарк кард, фаҳмид, ки як силсила шеърҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ба оҳанг дароварду хонд. Дунё ин шоҳкориҳои ӯро эътироф кард ва тарзи хонишу навозишашро низ ба хушнудӣ пазируфт.
Фалакро то ба фалакҳо низ бурду то дурдасттарин кишварҳои дунё ҳам. Замоне, ки ( аввали солҳои 90-уми асри рафта) хунёгару овозхони нотакрори эронӣ Муҳаммадризои Шаҷариён (равонаш шод бод!) фалакро дар иҷрои ӯ ва гурӯҳи овозхонон дар шаҳри Кӯлоб шунид, ба ваҷд омад ва бо эътирофи истеъдодаш гуфт: «Ин мусиқии фаромӯшшудаи мо низ ҳаст».
Ба бахти миллати мо ба шарофати чунин ҳунармандони нотакрор ва эътирофу пазироии мардуми ҳунаршиносамон фалак фаромӯш нашуд, балки зиндатар гашт ва ривоҷу густариши бештар ёфт. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи ҳунарии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Аз рӯзи нахустини таъсисаш Давлатманд Хол роҳбарии онро ба зимма дошт. Ӯ аз зумраи беҳтарин фалаксароёни манотиқи гуногуни кишварро ҷамъ овард ва, ҳамзамон, асрори ин жанри мусиқӣ, тарзи иҷрои беҳтари онро омӯзонд.
Ӯ дар соҳаи мусиқӣ, тарзи эҷод, навозиш, хониш соҳиби мактаби худ буд.
Ӯ омӯзгори хубе низ буд дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон.
Ӯ фалакро пажӯҳиши илмӣ мекард ва дар ин хусус чанд мақолаи илмии худро дар рӯзномаи мо – «Ҷумҳурият» ба нашр расонд.
Ба бахти миллати мо фарзандаш Лоиқро дар ин роҳи басо мушкилу заҳматталабу фидоӣ шудан тарбият кард, яъне бузургтарин меросашро ба ӯ бахшид. Нахост, ки аз ҳунараш ояндагонро маҳрум бисозад.
То ба дами охири зиндагияш аз эҷод барои худ ва ин фарзандаш даст накашид, дар канор наистод. Бисту ду рӯз пеш буд, ки ба муаллифи ин сатрҳо занг зад ва хоҳиш кард, ки ашъори наврӯзии адибони классиконамонро барояш дастрас намоям, то барои худ ва Лоиқ оҳанг бибандаду бисароянд. Мехост бо оҳангҳои наву тарзи хониши нав ба Наврӯзи имсолаи кишвар шукӯҳи тоза бибахшад. Марг аммо нагузошт, ки ин орзуи неки ӯ ҷомаи амал бипӯшад.
19-уми феврали соли 2024, бо ин ки ҳаво сард буду барфӣ, мардуми зиёд, ҳаводорони бешумораш барои видоъ бо ин ҳунарманди нотакрор омаданд ва ӯро то ба хонаи охираташ дар гӯристони Лучоб гусел карданд. Модар – Замини нарм ин фарзанди дилгарми худро ба оғӯши меҳраш гирифт.
Ҷони киромӣ ба Падар боз дод,
Колбуди тира ба Модар супурд.
Дуруст аст, ки мард ба марг намемирад, балки марг аз ӯ ном меёбад.
Руҳаш шод боду хонаи охираташ обод, ки ба ин миллат ифтихор дошту ин миллат ба ӯ.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият