Дар шароити феълӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ин буд, ки бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси Агентӣ таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ ва, ба ин васила, вусъат бахшидани раванди татбиқи ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад.
Иқтисоди рақамӣ ин рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ буда, барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, фурӯшу дастрас намудани молу хизматрасониҳо ва беҳтар кардани сифати кору фаъолият мусоидат менамояд. Ташаккули иқтисоди рақамӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ, гардиши маълумот, савдои рақамӣ, долонҳои нақлиётии рақамӣ, саноати рақамӣ ва ғайра дар сатҳи дохилию байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гашта, ба хизматрасониҳои давлатӣ, даромади буҷет, шаффофият, омодасозии мутахассисон ва сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Ҳукумати мамлакат бо дарки ин омил масоили гузариш ба иқтисоди рақамиро дар меҳвари фаъолияти соҳаҳои калидӣ қарор дода, дар ин самт чораҳои мушаххас меандешад. Ба рақамикунонии соҳаҳои гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан мутаваҷҷеҳ буда, дар суханрониҳояшон пайваста ҷорисозии технологияҳои рақамиро таъкид медоранд. Мавриди зикр аст, ки маҳз дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 31-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 642 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 асос ёфта, ба беҳтар шудани дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон равона шудааст. Баъдан, дар асоси Консепсия Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 26-уми декабри соли 2021 бо қарори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расид. Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ ба тезондани суръати рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави пешрафти иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат нигаронда шудааст.
Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои хориҷӣ аз 12 то 36 фоизро ташкил дода, дар оянда тамоюли афзоянда дорад. Аллакай, аксари давлатҳои пешрафтаи дунё барои шаҳрвандони худ хизматрасониҳои электрониро, аз қабили ҳуҷҷатгузории электронӣ (Digi Doc), суди электронӣ (e-Court), манзили электронӣ (e-Residency), корти электронии муаррификунандаи шахсият (E-ID Card), хизматрасонии муқарраркунандаи минтақаи шахс (Location-Based (Services), имзои рақамӣ (e-signature) ва ғайраҳоро ба роҳ мондаанд. Сармоягузорӣ ва ҷорисозии технологияҳо ба самаранокии иқтисоди рақамии давлатҳои тараққикарда мусоидат намуда, барои боз ҳам устувор гардидани иқтисодиёти онҳо имкон дод. Ин аст, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир моделҳои нави тиҷорат, ба монанди тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳо ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ, рӯйи кор омаданд. Технологияҳои зеҳни сунъӣ шакли нави рақамикунонӣ ба ҳисоб рафта, аз тиҷорати электронӣ, алоқаи иҷтимоӣ ва молия, истеҳсолот, энергетика, нафту газ ва нақлиёт иборат мебошад. Тибқи баҳодиҳии ширкати технологияҳои HUAWEI, давоми 15 соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон 2,5 маротиба нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пешсафтар аст. Мувофиқи пешбинии ширкати мазкур, иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон то 23 триллион доллари ИМА дар соли 2025 афзоиш меёбад.
Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ рушди тамоюли шумораи платформаҳо (платформа ин шакли рақамии ҳамкории ташкилот байни таъминкунандагон ва истеъмолкунандагон буда, бо мақсади кам кардани хароҷот, яъне содагардонии амалиёт ҳангоми ҷустуҷӯи шарикон, молу маҳсулот, хизматрасонӣ, ташкили пардохтҳо, бастани шартномаҳо, истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда буда, нақши муҳимро дар татбиқи рақамикунонии иқтисод мебозад)-и корпоративӣ, ки бозорҷойҳо (маркетплейс)-и рақамиро дар бар мегирад, мушоҳида мегардад. Бизнес-модели платформавӣ дар ширкатҳои азими ҷаҳонӣ, аз қабили «Apple», «Amazon», «Alibaba», «Facebook», «Tencent», бартарӣ дорад.
Бояд гуфт, ки татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон пас аз солҳои 2000-ум шуруъ гардида, то кунун заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз соҳаҳои гуногуни кишвар барои осон гардидани раванди корӣ фаъолияташонро тавассути технологияҳои рақамӣ пеш мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ибтидоии иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ қарор дошта бошад ҳам, оғози қадамҳои нахустини худро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар кишвар тавассути фаъолияти технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда, солҳои охир як қатор дастовардҳоро ноил шудааст. Корхонаву ширкатҳои гуногун, аз қабили «Авесто Гурӯҳ», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Рахштаксӣ», «Эйшн Экспресс», «Сомон Таксӣ», «Глобал экспресс Душанбе», «Олуча Авто» ва «Сити Таксӣ», ки дар пойтахти кишвар фаъолият мекунанд, технологияи рақамиро роҳандозӣ намуданд. Инчунин, низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе «City Card» ҷорӣ гардид, ки шаҳрвандони кишвар тавассути он маблағи роҳкироро бо ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ пардохт менамоянд. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам овардаанд.
Дар ҳамин ҳол таъкид ба маврид аст, ки мутаносибан дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар бозори меҳнат талабот ба мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ низ зиёд мегардад. Вобаста ба ин, солҳои охир афзоиши шумораи мутахассисони тайёр дар самти ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мушоҳида мешавад. Ҳоло 14 донишгоҳ мутахассисони касбиро дар соҳаи ТИК тайёр менамояд, вале сатҳи тайёркунии кадрҳо ба талаботи бозори ТИК мутобиқ набуда, аз норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин самт шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди он ки имрӯз дар ҷумҳурӣ паркҳои зиёди технологӣ, марказҳои омӯзишӣ мутахассисони зиёдро дар ин самт омода менамоянд, норасоии мутахассисони касбӣ дар раванди истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ҳанӯз аз масъалаи мубрам боқӣ мемонад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
"Ҷумҳурият"