Соли 2023 дар вилояти Суғд 2373,6 км роҳ, аз ҷумла наздик ба 360 км таъмири асосӣ, 1173,6 км таъмири ҷорӣ ва бештар аз 840 км шағалпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соли гузашта нақшаи таъмири роҳҳо бештар аз 118 фоиз таъмин гаштааст. Ба иттилои манбаъ, барои таъмири роҳҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 215841,3 ҳазор сомонӣ сарф гардид.
Дар вилоят 8184,7 км роҳ мавҷуд буда, аз ин 487,1 километраш дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 436,7 км ҷумҳуриявӣ мебошад.
Қариб 3300 километри ин роҳҳо дар тавозуни идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд қарор дорад.
Ба гуфтаи Икром Мирпочоев, сармуҳандиси идораи мазкур, соли гузашта бо харҷи 3,6 млн сомонӣ 10 км роҳ мумфарш ва 31 км таъмир гардид. Инчунин, дар Исфараву Конибодом ду пули мошингузар сохта, 21 чунин кӯпрук таъмир карда шуд.
Соли 2023 роҳҳои Кучкак – Конибодом ба масоҳати 1200 метри мураббаъ, Истаравшан 1300 метри мураббаъ, ҳамзамон, роҳҳои Истаравшан –Зафаробод, Конибодом – Хуҷанд низ таъмир гардиданд.
– Бо вуҷуди ин, роҳҳои таъмирталаб ҳанӯз бисёранд, – мегӯяд Икром Мирпочоев. Яке аз чунин роҳҳо шоҳроҳи Ашт ба масофаи 122 километр мебошад, ки солҳои зиёд таъмирталаб буда, боиси нигаронии мардум гаштааст. Тибқи маълумоти идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, таъмири ин роҳ дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Солҳои охир саҳми соҳибкорон низ дар ободонии роҳҳо меафзояд. Танҳо дар соли 2023 барои таъмири роҳҳо аз тарафи соҳибкорон 20521,6 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Ба гуфтаи масъулон, ташаббускории аҳолӣ низ дар ин самт қобили ситоиш аст. Масалан, дар ин давра аз ҷониби аҳолии вилоят 186 км роҳ бо харҷи 109774,2 ҳазор сомонӣ таъмир шуд.
Роҳсозон мегӯянд, ки бо мусоид гардидани ҳаво ба мавсими таъмири роҳҳо оғоз бахшида, ҳолати онҳоро боз ҳам беҳтар месозанд.
Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
"Ҷумҳурият"