Сафрон Ёдгорова хатмкардаи шуъбаи хореографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979) мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи солисти балети Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз менамояд. Аз соли 1991 ба вазифаи сарбалетмейстри театр гузашта, дар рушди санъати хореография саҳми босазо мегузорад. Соли 1998 Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаровро таъсис медиҳад. Чанд муддат ба кори озоди эҷодӣ гузашта, ҳоло боз дар вазифаи роҳбари бадеии театри мазкур кор мекунад.
С. Ёдгорова раққосаи хушсалиқа ва навовар мебошад. Ӯ асосҳои касбашро аз Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Рамзия Баққол ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова аз бар кардааст. Рақсҳои миллӣ, аз ҷумла классикиро бо маҳорати том ва сабку услуби хос иҷро мекунад. Дар иҷрои рақсҳои халқҳои ҷаҳон низ маҳорати хуб дорад. Ин бахши барномаи ҳунарии Сафрон хеле бою рангин буда, рақсҳои тоҷикӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, андалузӣ, туркӣ, афғонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Маҳорати Ёдгорова дар офаридани асарҳои мукаммал ва калонҳаҷми хореографӣ баръало намоён гардидааст. Асарҳои «Ларзон», «Лола», «Занг», «Нағорабазм», «Чӯпон», «Фасли баҳор», «Эҳтирос», «Орзу», «Пилла», «Духтари шӯх» ва «Парандаи биҳиштӣ» аз ҳамин қабиланд. Аксари онҳо аз чанд қисм иборат буда, силсилаи рақсҳоро дар бар гирифтаанд. Кӯшиш менамояд, ки ҳар ҳаракати рақс нишонрасу зебо барояд. Аз ҳамин ҷост, ки бештари рақсҳои иҷро намудааш хеле дилкаш, таъсирбахш ва тамошобоб баромадаанд. Дар барномаи ҳунарии Ёдгорова зиёда аз 100 рақси гуногунмавзуъ ва жанрҳояшон мухталиф ҷой дорад. Ӯ, ҳамчунин, зиёда аз 50 сюитаи рақсӣ ва барномаҳои алоҳидаи хореографиро ба саҳна гузоштааст.
Малака ва маҳорати хуби касбиаш дар таҳияи барномаҳои махсуси бадеиву хореографии «Тантанаи Ватан» (1992), «Суруди ман» (1993), «Роҳ» (1994), «Булбули Хуҷанд», (1997) ба чашм мерасад. Соли 1992 бо ҳамроҳии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ансамбли тарона ва рақси «Дурдона»-ро таъсис дода, барои гурӯҳи рақсии он як қатор барномаҳои ҷолиб офаридааст. Ба сифати басаҳнагузорандаи рақсҳо дар таҳияи намоишҳои «Ғунчаи доно», «Маҳастии Ҳуҷандӣ», «Корвони нур», «Шабҳои фироқ», «Камоли Хуҷандӣ», «Равшан ва Зулхумор»-и Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ширкат варзидааст. Ҳамчунин, барои филми ҳунарии «Саъдии Шерозӣ» силсилаи рақсҳоро таҳти унвони «Рақсҳои Шарқ» офаридааст.
Ба Федератсияи Россия, Олмон, Югославия, Лаҳистон, Булғория, Муғулистон, Алҷазоир, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Таиланд ва Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Даҳҳо раққосони касбӣ ва балетмейстерҳоро тарбия намуда, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи кишварамон ва берун аз он ба фаъолияти эҷодӣ машғуланд. Бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»