Дар ҳошияи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илмҳои дақиқ” баргузор гардид.
– Замони соҳибистиқлолии кишвар ба кулли занону духтарон барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеъву манзалаташон дар тамоми сохторҳои идораи ҷамъиятӣ заминаи хуб гузошт. Имрӯз занону духтарони мо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла 25 фоиз дар хизмати давлатӣ, 73 дарсад дар соҳаи маориф, 71 фоиз тандурустӣ, 47 фоиз фарҳанг, фаъолият мекунанд. Давоми ду соли охир аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам фаъол гардондани нақши занону духтарон дар корҳои ҷамъиятӣ, ба таълиму касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардиданд, – гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки аз лиҳози қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ҳамаи заминаҳо барои пешрафти маънавию ирфонии занону бонувон фароҳам оварда шудаанд.
Бино ба гуфтаи Гулчеҳра Қоҳирова, иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, айни ҳол беш аз 40 дарсади кормандони АМИТ-ро занон ташкил медиҳанд. Дар самти илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ 150 зани олим ба корҳои илмӣ машғул аст. Зиёда аз 100 зан дар илмҳои гуманитарӣ фаъолият дорад. Дар умум, наздик ба 300 нафар дар Академия машғули таҳқиқотҳои илмӣ мебошад.
- Боиси ифтихор аст, ки дар байни онҳо академикҳо, узви вобаста, докторон ва номзадҳои илм ҳастанд. Аксарияти занони олими тоҷик на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам, маъруфанд. Соли сеюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар кишвар баргузор мегардад, ки сарпарасти он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мақсади Озмун ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба техникаву технологияҳои муосир ва дарёфти истеъдодҳои нав арзёбӣ мегардад. Муддати ду сол зиёда аз 350 ҳазор нафар дар Озмуни мазкур ширкат намудааст, ки аз ин шумора 40 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд, - изҳор дошт Гулчеҳра Қоҳирова.
Дар бахши асосии конфронс Муқаддас Қурбонова, мудири кафедраи усули таълими химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи медали тиллои Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор дар шаҳри Сеул (Корея), дар мавзуи “Хӯлаи алюминий бо бериллий дар соҳаи мошинсозӣ”, Нодира Ҳакимова, мудири сектори назорати нурафкании касбии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дар мавзуи “Таҳлили мониторинги миқдори фардии нурафкании радиатсионии кормандони марказҳои тиббии дандонпизишкии шаҳри Душанбе”, Парвина Олимбойзода, дорандаи медали биринҷии Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор дар шаҳри Сеул (Корея), дар мавзуи “Таҳияи технологияи рангкунии маснуоти нассоҷӣ бо рангкунандаҳои табиӣ аз рустаниҳои Тоҷикистон” ва дигар бонувони ихтироъкору олим маъруза намуданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки дар 5 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, соли 2022-юм 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло, инчунин, 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи илми муосири тоҷик саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”