Имрӯзҳо тамоми бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишварро сарулибоси «ҳоҷигӣ», тасбеҳу ҷойнамоз, сурмаву дастпона ва амсоли инҳо пур карда, харидорони зиёдро ба худ ҷалб менамоянд. Сабаби серхаридории онҳо ҳоҷиҳо мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки зоир нисбат ба сафари ҳаҷ, маблағи бештар ба хариди туҳфа харҷ мекунад. Ва аҷиб он аст, ки маросими ҳаҷ дар Арабистон мегузараду туҳфаҳое, ки зоирин меоранд, ҳама аз Чинанд. Паҳлуи дигари масъала: сафари ҳаҷҷи умра 14 рӯз давом мекунад, вале зиёрати ҳоҷиҳову ҳоҷиталбон 3-4 моҳ идома меёбад. Оё барои зиёраткунандагони ҳоҷиён оростани хон ва, бартар аз он, додани туҳфаҳо амри зарурист? Магар баргузор намудани чунин маъракаҳо ҳатмист?
Дар ин маврид зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз дошт, ки, аслан, маъракаи ҳоҷиталбон ё ҳоҷиошӣ ягон зарурати динӣ надорад, аммо имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ ва ё худнамоӣ, ин амал зиёд ба назар мерасад ва беш аз пеш реша медавонад. Воқеан, бояд таъкид сохт, ки айни замон сафар барои адои ҳаҷ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле осонтар шудааст. Ҳамин буд, ки соли 2023 аз Тоҷикистон қариб 13 ҳазор нафар ба ҳаҷҷи умра рафт.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 501 комиссияи доимиамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросим мавҷуд аст. Давоми як моҳи охир зимни гузарондани санҷиш аз тарафи кормандони раёсати танзими ҷашну маросим беш аз 30 ҳолати қонуншиканӣ дар самти риоя нагардидани талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон ва ҳоҷизиёрат, ошкор гардид.
Ба андешаи раиси Кумита, омили риоя нагардидани ин модда дарк накардани моҳияти Қонун ва фаъолияти на чандон хуби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим, ки дар маҳал мебошанд, рабт дорад.
Ҳамзамон, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Файзобод Бегназар Шоҳиён бо нигаронӣ чунин гуфт:
– Воқеан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саривақтӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки Қонуни мазкур то ҷое тавонист садди роҳи харҷи барзиёд ва масрафкории мардум гардад. Вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки бар хилофи моддаи 12 Қонун амал карда, намоишкорона маъракаҳо барпо менамоянд.
Имрӯз бахши танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Файзобод бо комиссияи доимиамалкунанда, ки 10 нафарро ташкил медиҳад, дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ноҳия ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ фаъолияташро ба роҳ монда, ҳамаи намуди маъракаҳо, аз ҷумла ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёратро мунтазам назорат мекунад. Давоми соли 2023 ва як моҳи соли равон дар ноҳия 28 қонуншиканӣ, аз ҷумла шаштои он аз рӯи моддаи мазкур ба қайд гирифта шуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳарчанд намояндагони бахши дин доир ба ин масъала корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, огоҳнома супоранд ҳам, ҳамоно намоишкориҳо идома доранд.
Дар ҳақиқат, имрӯзҳо баргузории ин маъракаҳо ба мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Хуб мешуд, дар баробари бахши дин, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолони маҳаллаҳо низ масъулият эҳсос намоянду садди роҳи исрофкорӣ шаванд. Вобаста ба ин дар ояти бисту ҳафтуми сураи Исрои Қуръони азимушаън омадааст: “Ба дурустӣ ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”. Модоме ки ҳаҷ ва дигар амалҳои хайрро ба хотири дарёфти ризояти Холиқи якто анҷом медиҳем, пас, месазад, ки ин фармудаи Аллоҳи меҳрубонро низ риоя намоем.
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»