Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чун дар паёмҳои гузаштаашон ба масъалаҳои басо муҳиме, ки ба рушду такомули кишвар мусоидат менамоянд ва рифоҳи зиндагиву некуаҳволии мардумро таъмин мекунанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ намудаанд.
Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба ниҳоят зарури кишвар, аз ҷумла соҳаи маорифро дар Паёмашон ном бурданд, ки он сад дарсад қобили дастгирист.
Ба соҳаи маориф сол ба сол таваҷҷуҳи бештар намудани Президенти мамлакат беасос нест. Ояндаи неку дурахшони кишвар ва мушарраф гаштан ба дастовардҳои созандаву ифтихоровар маҳз ба соҳаи маориф марбут аст. Мо дар аср ва замоне зиндагӣ дорем, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар кори бамиёноварии технологияҳои нав, бахусус нанотехнологияҳо босуръат ба дастовардҳои шоён мушарраф мегарданду ихтирооти созандаро дар зиндагӣ роҳандозӣ менамоянд. Бинобар ин, ба мамлакати мо низ зарур аст, ки дар ин ҷода қадамҳои созандаву устувор гузорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин ҳадафро дар паёмҳову суҳбатҳо ва суханрониҳояшон бо мардуму фаъолони соҳаҳои гуногун иброз медоранд. Бо ҳамин манзур, ибтикори Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф роҳандозӣ гардид. Озмунҳои гуногун дар соҳаи маорифу фарҳанг доир гаштанд ва мешаванд. Теъдоди зиёди муассисаҳои таълимиву томактабӣ дар кишвар сол ба сол меафзояд. Ҳамзамон, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ боз ҳам ҷиддитар мегардад.
Дар қиёс ба солҳои пешин дар Паём зикр гардидааст, ки низоми маорифи кишвар соли 2017-ум 2,1 миллион нафарро фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.
Ҳамин арқоми дар боло зикргардида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соҳаи маориф дар мадди аввали назари Пешвои миллат қарор дорад ва онро бамаврид соҳаи калидӣ номидаанд.
Ҳамаи ин ғамхориҳо дар пайи худ натиҷаҳои хуб ҳам меоранд. Аз васоити ахбори омма баъзан мефаҳмам, ки шогирдони муассисаҳои таълимии мамлакатамон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф мегарданд, ки ин барои мо, аҳли маориф хурсандиовар аст.
Моро ворисони шахсиятҳои бузурги илму тамаддуни куҳан, нобиғаҳои олам – Абурайҳон Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абулқосим Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайраҳо меҳисобанд. Мо бо номи онҳо ифтихор мекунем. Акнун ба насли ояндаи мо фурсате расидааст, ки дар илму ихтироъ ба онҳо монанд шаванд. На ин ки бо номи онҳо фақат фахр намоянд. Тавре мегӯянд:
Пушти номи падар чи мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ.
Бояд бигӯем, ки мо, омӯзгорону тарбиятгарон дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият карда, мекӯшем, ки кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву илмомӯзӣ, нагаравидан ба созмонҳои террористиву ифротгаро, ҳифз кардани зиракии сиёсӣ тарбия биёбанду ҷиҳати рушду тараққии боз ҳам бештари Тоҷикистони азиз дар оянда хидмати шоиста бикунанд.
Фарангис МАҲКАМОВА,
мудири ширхоргоҳ – кӯдакистони № 15-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ