Дар ростои 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ амри бисёр муҳимест, ки метавонад дурнамои неку шоиста дошта бошад. Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таваҷҷуҳ ба ин масъала зерсохторҳои ҷомеаи ҳуқуқмеҳвару қонунсолорро боз ҳам истеҳком мебахшад.
Дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ” ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандону донишҷӯён, дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол тарбия намудани насли ояндасози ҷомеа аз 8-уми январи соли 2024 фармоиши директори Коллеҷ ба тасвиб расида, иҷрои талаботи он зери назорати роҳбарияти таълимгоҳ қарор дорад.
Маълум аст, ки на ҳамаи шаҳрвандон талаботи қонунгузориро хуб медонанд ва, ҳамчунин, шахсони зиёде дар риояи талаботи қонунҳо ба саҳланкорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд. Баъзан шоҳид мешавем, ки барои нақзи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу интизомии кишвар огоҳӣ ё муҷозот мешаванд. Албатта, ин масъала агар аз як тараф нодида гирифтани талаботи қонун бошад, аз сӯи дигар ба паст будани донишҳои ҳуқуқӣ ё худ маърифати ҳуқуқӣ бастагӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 13 сол гузашт ва ин Қонун дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ миёни ҷомеа, падару модар, мактаб ва давлат нақши муҳимеро иҷро мекунад. Дар робита ба ин, феълан падару модарон ва, пеш аз ҳама, омӯзгоронро зарур аст, ки талаботи ин санади ҳуқуқиро хуб донанд. Таъкиди мо рӯи ин масъала аз он ҷиҳат аст, ки мутаассифона, бисёре аз волидон ва, ҳатто омӯзгорон, муқаррароти ин Қонунро намедонанд ё матни Қонунро боре ба даст нагирифтаанд.
Омӯзгор шахси пешқадами ҷомеа, ҳамқадами замон буда, рисолати равшангарӣ дорад. Вақте аз мазмун ва муҳтавои қонунҳое, ки ҳамарӯза бо онҳо сару кор дорад, аз ҷумла Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, Консепсияи миллии тарбия хуб бархӯрдор нест, ҷойи таассуф аст. Барои ҳамин тарбиятгарони насли ҷавонро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии худ талош кунанд. Вақте мо, омӯзгорон дониши пасти ҳуқуқӣ дорем, аз муҳтавои қонунҳои миллӣ ва қонунҳои марбутаи соҳавӣ камтар огоҳ ҳастем, пас чӣ гуна метавонем аз шогирдон донишу маърифати ҳуқуқӣ талаб кунем?
Эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ маҳз ба ҳамин хотир аст, ки дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло бурда шавад, одамон боз ҳам талош кунанд, ки аз ҳуқуқҳои хеш огоҳ бошанд, талаботи Қонунро эҳтиром намуда, дар таъмини волоияти Қонун бо мақомоти давлатӣ шарик бошанд. Дар ин замина, мо - омӯзгорон бо эҳсоси масъулияти дучанд дар назди халқу Ватан кӯшиш мекунем, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва додани донишҳои ҳуқуқӣ ба насли ояндасози ҷомеа бештар саъю талош дошта бошем, то соли 2024 воқеан, соли боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат гардад.
Толибшо САИДОВ, директори МТҒ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ”, Аълочии тандурустии Тоҷикистон