Эй Ватан, сарҳади ту – сарҳади имони ман аст,
Сарҳади ҷони ману сархати виҷдони ман аст.
Ватани хоки муқаддас, ватани кӯҳи баланд,
Ватани илму адаб, ҳикмату эҳсони ман аст.
Ба дифои туву амни ту бубахшам тану ҷон,
Амни ту Меҳани ман- амни азизони ман аст.
Ватани модари ман, хоҳари ман, додари ман,
Ватани шаъну шараф фахри ниёкони ман аст.
Саф кашем аз ҳама ҷо баҳри дифоят, Меҳан,
Меҳри ту дар дили ман, боғу гулистони ман аст.
Сангу хоки ту бувад симу зари ҳастии ман,
Чашмаи оби зулолат фари покони ман аст.
Фахр дорам, ки ҳама маҳзари нангу шарафат
Суғду Хатлону Зарафшону Бадахшони ман аст.
Маънии зиндагиям ҳифзи ту бошад, Меҳан,
Ҳифзи марзат шарафи олии ман, шони ман аст!
КИСТ САРБОЗИ ВАТАН!?
Кист сарбози Ватан, гар на туӣ, гар на манам?
Кистам ман,чу набошам ба дифои Ватанам?
Чораи нанги Ватан кист ба ғайр аз ману ту?
Бораи нанги Ватан нест ба ғайр аз ману ту.
Дар раҳи ҳифзи Ватан бохтани ҷон шараф аст,
Нангу номуси ватандори Ватан рӯи каф аст.
Хоки поки падарон маҳзари ояндаи мост,
Гарави будани мо, ҳастии пояндаи мост.
Эй ватандор, биё нанги тани худ бошем,
Бораи шаъну шукӯҳи Ватани худ бошем.
Ин ҷасорат ба тани мо сипари бовари мост,
Он ки ҷон бахшӣ биарзад, Ватану модари мост.
Ватан, эй хоки муқаддас, шарафу исмати мо,
Ҷони мову тани ту, бо ту бувад қисмати мо.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон