Санъати олӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти башар, раҳнамои мардум ва талқингари шодиву сурур аст. Шояд дар дунё шахсе ёфт нашавад, ки дилбастаи суруд набошад. Аз ин ҷост, ки ҳар халқу миллат санъати мусиқии хоси худро дорад. Бештари вақт мардум шодӣ ва андуҳи хешро тариқи замзамаи суруд ифшо менамоянд.
Яке аз сурудҳое, ки солҳо боз мавқеи худро байни мардум гум накардааст, суруди «Аскарбача»-и бонуи зиндаёд Нигина Рауфова мебошад. Суруд дар сатҳи олии овозхонӣ сароида шуда, ҳаводорони бешуморе дорад. "Аскарбача", ки бар матни Абдулло Қодирӣ ва оҳанги Хайрулло Абдуллоев таҳияи шудааст, дар замони шуравӣ беҳтарин паёми волидон ба фарзандон буд, ки дар артиш хизмати низомӣ мекарданд.
Бешак, Нигина Рауфова тавонист бо суруди «Аскарбача» муҳаббати модарро ба фарзанд, садоқати мардонро ба Ватан ва, ҳамвора, бузургии Модар – Ватанро дар як вақт нишон диҳад. Суруд мазмуни баланди ватандӯстиро дар худ таҷассум кардааст. Муҳтавои ин суруд саросар аз орзуву омоли мардуми одӣ буда, ба хизмат фиристондани ҷавонон ва муҳаббати модари тоҷикро ба қаҳрамонон нишон медиҳад. Замоне, ки модарон аз фарзандонашон нома мегирифтанду аз аҳволи онҳо дарак меёфтанд, дар ҷавоб чунин хат менавиштанд:
Офтоб задай дар таҳаки олучаме,
Хат омадае имрӯз зи аскарбачаме.
Хатша бигирум варақ-варақ гардонуме,
Шодам, ки ба аскаро калонай бачаме…
Воқеан, ин шеъру оҳангу овоз модаронро ба ҳаяҷон меовард, мегирёнд, механдонд, шод мекард, ба андеша вомедошт ва дар дилашон тухми меҳру муҳаббат ба Ватану ватандорӣ ва ифтихорро мекошт. Ба ҳарфи дигар, суруди "Аскарбача" дар модарон муҳаббатро даҳчанд бедор мекард. Бешак, вазифаи як ҳунарманд низ ҳамин аст, ки шунавандаро тарбия кунад. Хушбахтона, ин шеър, ин оҳанг ва ин овоз аз ҳамин гуна сифот ва хусусиёт бахӯрдор мебошад.
Умри суруду мусиқӣ низ мисли умри одамист: яке садсолаҳо мемонаду дигаре чанд рӯз ё ҳафта. Ин суруд беш аз 40 сол қабл тавлид шуда бошад ҳам, то ҳанӯз мавқеи худро гум накардааст. Ба қавле, "Аскарбача" ду аср боз дар хидмати мардум аст. Имрӯз низ, падару модарон бо ин шеъру оҳангу бо ин овози форам фарзандони худро ба хизмати Ватан гусел мекунанд. Бо назардошти ин ҳама ва ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафтани суруди «Аскарбача» маълум мегардад, ки кас қодир аст бо самимияту эҳтиром нисбат ба ҳунараш барои садсолаҳо зинда монад. Саволе ба миён меояд, ки чаро имрӯз сарояндагоне мисли Нигина Рауфоваю Хурмо Ширин ва Муқаддас Набиеваю Наргис Бандишоева ва дигар бонувоне, ки сурудҳояшон бо чунин мазмуни баланд ва давомдиҳандаи умри онҳост, ками дар каманд?
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»