Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз фаъолияти раёсати маорифи вилоят ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигар сохторҳои масъул дар самти баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати омодагиҳои ҳаматарафа ба озмунҳо дар соли 2024 дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят зимни баррасии масъала дар машварати васеъ таъкид кард, ки озмунҳои мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, таҳти таваҷҷуҳ ва назорати ҷиддӣ қарор доранд. Мақсади асосӣ аз баргузор намудани чунин озмунҳо бохабар гардондани аҳли ҷомеа бо таъриху фарҳанги бойи ниёгон, ва, умуман аҳли башар, бедор намудани шавқу ҳаваси оммаи васеи халқ ба китобу китобхонӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Раиси вилоят, ҳамчунин, натиҷаҳои бадастовардаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нокифоя арзёбӣ карда, афзуд, ки мактабҳои вилоят дар ин самт имконияту зарфиятҳои бештар доранд, фақат кор дар ин самт ниёз ба беҳбудӣ ва шаффофият дорад.
Дар баробари ин, Алишер Мирзонабот аз фаъолияти аҳли ҳунари вилоят дар баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт масъулонро вазифадор кард. Изҳори бовар карда шуд, тағйироти кадрие, ки дар соҳаи фарҳанги вилоят сурат гирифт, ба пешрафти соҳа дар ҳамаи самтҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои мазкур, аз ҷумла қадрдонии ғолибон, ҷалби дигар қишрҳои ҷомеа ба озмунҳо дастуру супоришҳои ҷиддӣ дода, таъкид намуд, ки мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, омӯзгорон ва дигар масъулон бояд баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишҷӯён ва ҳамчунин, намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бештар кӯшиш намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”