Вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Бонки миллӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар вохӯрии раиси Бонк Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Бонки миллӣ иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо зимни суҳбат аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нигаронда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб
Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин хусус зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад аз-Зиёдӣ дар шаҳри Абузабӣ иттилоъ дода шуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш диҳанд.
Иштироки ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар конфронси байналмилалӣ
Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба 29-солагии ниҳоди Ваколатдори олии маҷлис оид ба ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон (Омбудсман) конфронси байналмилалӣ баргузор гашт, ки дар он ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мақомоти ваколатдор ба мо шарҳ доданд, ки намояндаи Тоҷикистон доир ба дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ибрози назар кард.
Вохӯрии раисони комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Беларус
Дар шаҳри Минск вохӯрии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус Игор Карпенко баргузор шуд.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ба мо хабар доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо раванди кунунии маъракаи интихоботӣ дар Беларусро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкории мутақобилаи мақомоти интихоботии ҳар ду давлатро таъкид намуданд. Бахтиёр Худоёрзода дар сатҳи баланд ташкил кардани интихобот ва фароҳам овардани тамоми шароити заруриро барои овоздиҳии озоду одилона иброз дошт.
Баррасии масоили таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот
Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот ҷиҳати баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар вохӯрии директори Агентии содирот бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) баррасӣ гардиданд.
Тавре Агентӣ хабар додааст, дар вохӯрӣ оид ба самтҳои асосии ҳадафу вазифаҳое, ки аз таъсиси марказҳои яклухту тақсимотӣ, платформаи рақамӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ иборат мебошад, ибрози назар шуд. Зикр гашт, ки ташаббуси лоиҳаи БОР ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ дар самти дастгирии занони соҳибкор, ки ба фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ равона шудааст, қобили ҷонибдорӣ мебошад.
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои узви СҲШ
Дар шаҳри Теҳрон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамраисии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши марбут ба ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни нишаст ҷониби Тоҷикистон имконияти сармоягузории мамлакатро муаррифӣ намуд.