Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоест, ки ҷомеаи моро ба фардои неку дурахшон ҳидоят мекунад ва дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Дар Паёми навбатӣ (28.12.2023) ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо шуда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сокинони кишвар барои ояндаи наздик муайян гардиданд.
Масъалаҳои бисёр муҳиму аввалиндараҷа, ба монанди инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон, соҳаи илму маориф, тандурустию фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлоли кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Паёми навбатӣ ба масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талоботи замон ҷавобгӯ диққати хоса зоҳир гардид. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва мутобиқ гардондани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ, бо кӯшиш ва заҳматҳои давлату Ҳукумати кишвар марҳала ба марҳала таҳаввулот сурат гирифта истодааст. Ба фаъолият шуруъ намудани марказҳои саломатӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз кардани муассисаҳои тиббӣ, омода сохтани мутахассисони соҳавӣ ва озмоишгоҳҳои мутобиқ ба талаботи давр аз тадбирҳои амалии давлату Ҳукумат дар ин самт дониста мешаванд. Маблағгузории соҳа мунтазам афзуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуд, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ҷаноби Олӣ яке аз ҳамин гуна иқдомҳои хубу созанда маҳсуб меёбад. Бино бо тамоми шароити муосиру мусоид фароҳам гашта, дар он маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ, ташхисии фармасевтӣ ва таълимии химия, биология ва маркази дандонсозӣ, ошхона бо 80 ҷойи нишаст, толори барҳавои лексионӣ бо 300 ҷойи нишаст таъсис дода шуд. Марказу озмоишгоҳҳои бинои нави таълимӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва аёниятҳои таълимиву таҷрибавӣ, технологияҳои инноватсионӣ муҷаҳҳаз шуда, мавриди баҳрабардории устодону донишҷӯён қарор гирифтааст.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри пешбурди кори таълим ва тандурустӣ ҳарчи бештар муваффақ гарданд.
Фирӯза ХОЛМАТОВА,
мудири кафедраи тибби оилавии
Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд ба номи Б. Исҳоқӣ